09.08.24 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Ализода Зариф барои воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомот дар нимсолаи якуми соли 2024 баромад намуд. 

Қайд гардид, ки вобаста ба самтҳои назорати прокурорӣ 4 412 санҷиш гузаронида, 2 535 парвандаҳои ҷиноятӣ (аз ин, 743 коррупсионӣ) оғоз намуда, 41 300 нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида шуда,ҳуқуқу манфиатҳои 115 600 нафар барқарор карда шуданд. 815 млн сомонӣмаблағи зарар (аз ин, 310 млнсомонӣ ба манфиати давлат) рӯёнида шуд.

Ба мақомот 20 210 муроҷиат ворид гардида, 1 660-тои онҳо қонеъ карда шуд.

Дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 670 парвандаи ҷиноятӣ (124-то нисбати мансабдорон) оғоз,2990 амру пешниҳод,1500 эътирозоварда шуда, 83 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. 4970 нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида шуда, 2, 5 млн сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст.  Ба 997 қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст.

Барои дахолат ба фаъолияти соҳибкорон ва дигар қонунвайронкуниҳо 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 180 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгариҳои интизомию маъмурӣ кашида шуданд.

Барои вайрон кардани Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 1100 нафар ва Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” 3089 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 138 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ ва 230 таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 329 нафар (177 нафар ноболиғон) ошкор ва чораандешӣ карда шуд. 

Прокуророн назорати зиёда аз 7000 парвандаи ҷиноятиро таъмин намуда, аз ин 6500-тоаш ба суд ирсол шудааст. Муфаттишони прокуратура 2330 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 2224-тои он ба суд ирсол шудааст.

Прокуророн дар баррасии 4950 парвандаи ҷиноятӣ ва6236 парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок карда, ба санадҳои судӣ ҷамъ 479 эътироз овардаанд. Ба судҳо 650 даъво ба маблағи 210  млн сомонӣ пешниҳод шуда, аз ин 488 даъво ба маблағи 150 млн сомонӣ баррасӣ ва қонеъ карда шудааст.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи қонунгузории мамлакат 31290 суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар воситаҳои ахбори омма 1830 баромадҳо анҷом дода шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорони зиёд иштирок карда, ба саволҳои худ посухи мукаммал гирифтанд.

 

 

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон