Санаи 25 июли соли 2024 ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Прокурори генералӣ, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар ҷаласаи 22˗юми Прокурорҳои генералии давлатҳои узви СҲШ (Созмони Ҳамкории Шанхай), ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, ширкат варзид. Дар аввали ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Содир Ҷабборов иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт.
Дар ҷаласаи мазкур Прокурорҳои генералии Қирғизистон (мизбон), Беларусия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Чин, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Озарбойҷон (ҳамчун меҳмон) ширкат варзиданд.
Роҳбарони ҳайатҳо вобаста ба нақшу вазифаҳои прокуратура дар самти истифодабарии технологияҳои муосир дар фаъолияти прокурорӣ ва таҷрибаи пешқадам дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҷумла Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар мавзуи “Нақши прокуратура дар шароити ҷаҳони муосир ва асри рақамикунонӣ: Таҷрибаи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳои нав ва таъмини ҳуқуқи инсон” баромад намуда, таҷрибаи пешқадами мақомоти ҳифзи ҳукуки мамлакатро дар мубориза бар зидди терроризм ва ҷиноятҳои киберӣ кайд намуданд.
Ҷаласаи Прокурорҳои генералии давлатҳои узви СҲШ дар фазои ошкоро, ҳусни тафоҳум, руҳияи эҳтиром ва эътимоди мутақобила сурат гирифт.
Дар охир аз ҷониби Прокурорҳои генералии давлатҳои узви СҲШ протоколи ҷаласаи 22˗юми Прокуророни генералии давлатҳои узви СҲШ қабул карда шуд.
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон