- Подробности
- Просмотров: 5321
17 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Давлати Қатар баргузор гардид.
Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Давлати Қатар Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ доир гардида, дар рафти он тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба оид ба татбиқи амалии шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, ки соли 2023 ба имзо расонида шуда буданд, баррасӣ гардиданд.
Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар муқовимат ба терроризми байналмилалӣ, тундгароӣ ва экстремизм, қочоқи инсон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ муҳокима гардида, муттаҳид гардидани ҷонибҳо ва дастаҷамъона мубориза бурдан алайҳи ин вабои аср муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ ва дар заминаи Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Давлати Қатар аз соли 2019 ба мувофиқа расиданд, ки баҳри баланд бардоштани иқтидори зеҳнии кормандони якдигар ва рушди инфрасохторӣ дар истифодаи технологияҳои навини рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар фаъолияти прокуратураҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.