6 декабри соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-поковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯро роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, прокуророн ва  сардорони раёсатҳои ВКД ва КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Подробнее...

5 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ бинои прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур ҷиҳати таъминоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо шароити хуби корӣ, бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, бо техника ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Подробнее...

      Шаҳрвандони муҳтарам!

     Бо камоли эҳтиром  ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар “Телеграм” паёмаки “Вам отправили подарок-подписка Телеграм Премиум сроком на 1 год!  Активировать подарок через ссылку” бо истифода аз номи наздикон ба шаҳрвандон ирсол шуда истодааст.

      Дар натиҷаи таҳлил ва коркарди техникӣ муайян гардид, ки паёмаки мазкур ва пайванди (ссылка) ирсолшуда дорои вируси зараровар буда, ҳамлаи хакерӣ дар намуди “Фишинг” мебошад.

      Дар ҳолати кушодани паёмак ва  ворид шудан ба пайванди ирсолшуда, хакерҳо метавонанд аккаунти “Телеграм”-и истифодабарандагонро ғайриқонунӣ аз худ намуда, ба мақсадҳои ғаразнок истифода баранд.

Подробнее...

Вақтҳои охир дар расонаҳои васоити ахбори омма ва дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хабару маълумотҳо дар бораи аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тӯҳмати кормандони мақомоти прокуратура дар ришвагирӣ  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ҳимоятгар Юлдашев Ф.О. (Файзи Олӣ) ва ба суд дода шудани ӯ паҳн шуда истодааст.

Ба маълумоти шаҳрвандон эҳтиромона расонида мешавад, ки моҳи феврал-марти соли 2023 дар натиҷаи санҷиши фаъолияти ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон азонихудкунии 4672,8 ҳазор сомонии маблағҳои ҷамъияти мазкур аз ҷониби масъулин ошкор карда шуда, маводҳо барои баррасӣ ва чораҷӯӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудааст.

31 марти соли 2023 дар асоси маводҳои санҷишӣ  аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати масъулини ҷамъияти номбурда Ҳамроҳзода Шамсулло, Шамсуллозода Шукрулло ва Орипов Холмаҳмад бо банди “б” қисми 4 моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

24 майи соли 2023 дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур  Ҳамроҳзода Ш. ба ҳимоятгар Юлдашев Ф.Ш. ваколатнома барои ҳимояи ҳуқуқҳояш дар рафти тафтишоти пешакӣ, баррасии судӣ ва дигар мақомот додааст.

Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 7 марти соли 2024 Ҳамроҳзода Ш., Шамсуллозода Ш. ва Орипов Х.Г. дар содир намудани ҷинояти зикршуда гунаҳгор дониста, маҳкум карда шудаанд.

Подробнее...

     15 ноябри соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии кормандони мақомот бахшида ба солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

       Дар он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод суханронӣ намуда, қайд кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, яке аз муҳимтарин рӯйдод дар таърихи сиёсии кишвар  маҳсуб меёбад.

        Дар ин иҷлосияи таърихӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари давлат интихоб шуда, ба рисолати таърихии худ оғоз намуданд.       

Подробнее...