- Подробности
- Просмотров: 4044
24-25 сентябри соли 2023 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Лондон қарор доранд, дар ҷаласаи 28-уми Конфронси генералии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо иштирок намуда, дар рафти он бо Прокурори генералии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Макс Ҳил, Прокуророни генералии дигар кишварҳои иштирокчӣ ва як қатор мансабдорони баландпояи Британияи Кабир мулоқотҳои дуҷониба анҷом доданд.
Дар мулоқотҳои алоҳида, ки дар Департаменти (вазорати) корҳои дохилӣ, Департаменти (вазорати) корҳои хориҷӣ ва Хадамоти бехатарии Британияи Кабир доир гашт, ҷонибҳо оид ба ҳамкории муштарак дар мубодилаи иттилооти фаврӣ оид ба хатару таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
Ба мувофиқа расида шуд, ки байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи Британияи Кабир дар самтҳои болозикр ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.