Тахминан моҳи феврали соли 2019 аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати Исломӣ” Устобоева Саломатхон Раҳматуллоевна, бо истифода аз сомонаи интернетии “ИМО” ба рақами телефони мобилии Раҷабалиев И.М. занг зада, барои минбаъд дар сомонаи интернетии “ИМО” суҳбат намуданашон маслиҳат менамоянд.
Сипас, Устобоева С.Р. тавассути ирсоли паёмакҳо (смс) бо Раҷабалиев И.М. суҳбат намуда, аз ӯ хоҳиш намудааст, ки барномаи ирсол менамудаи “Телеграмм”-ро ба телефони мобилиаш, насб намояд.
Охирон барномаи мазкуро дар телефонаш насб карда, суҳбатро вобаста ба ҷиҳод кардан, ҷалб кардани дигар шахсон ба сафи Ташкилоти террориста экстремиста (ТТЭ) “Давлати Исломӣ” отоз кардааст.
Пас аз ин, Устобоева С.Р. бо мақсади ҷалб намудани Раҷабалиев И.М. ба сафи аъзои ТТЭ “Давлати Исломӣ” тавассути сомонаи интернетии “Телеграмм” худро дар барномаи мазкур ба номи мустаори “Hadicha” ба қайд гирифта, маводҳои таблиғотии ташкилоти мазкур ва видеонаворҳои онро дар барномаи “Телеграмм” ирсол намудааст.
Ӯ дар навбати худ маводҳои таблиғоти ва видеонаворҳои ирсол намудаи Устобоева С.Р. омӯхта, онҳоро аз худ карда, бо мақсади ба дигар шахсон ирсол намудан, дар телефони мобилиаш нигоҳ доштааст.
Ҳамин тариқ, Раҷабалиев И.М. бо даъвати Устобоева С.Р. аъзои ТТЭ “Давлати Исломӣ” гашта, бо дигар аъзоёни он, аз ҷумла, «UstozAbuXolid» Устобоев Рахматулло ‘Қудратуллоевич, “Абу Аҳмад”, “Салоҳиддин” ном шахсон шинос шуда, бо онҳо дар бораи ҷиҳод, сухбатҳо кардааст. Сипас ӯ барои аз худ кардани мақсад ва ғояҳои ташкилоти мазкур ба худ мақсад мегузорад, ки ҷиҳод анҷом диҳад. Бо мақсади анҷом додани ҷиҳод аз Устобоева С.Р. роҳу усули ба вилояти Хуросони Ҷумҳурии Исломии Афгонистон ворид шуданро пурсон шуда, ба ӯ тавсия медихад, ки дар ин хусус бо аъзои дигари ташкилот бо номи мустаори “Абу Аҳмад” ҳамсуҳбат шавад. Раҷабалиев И.М. 10 январи соли 2019 ба аъзои ин ташкилот бо номи мустаори “Абу Аҳмад” дар барномаи интернетии “Телеграмм” паёмак равон намуда, оиди сафар намуданаш ба Ҷумҳурии Арабии Сурия бо максади иштирок кардан дар ҷиҳод ва мубориза бурдан бар зидди Ҳукумати конунии он, кофирон ва сарбозони ИМА пурсон шуда, интизори дастуру супоришхои “Абу Аҳмад” шудааст.
Баъди аз худ кардани ақида ва максадҳои ТТЭ “Давлати Исломӣ” ва минбаъд зиёд намудан сафи ташкилоти мазкур, ӯ ба ҷалб намудани дигар шахсон ба сафи он машгул шуда, 15 октябри соли 2018 бо максади ҷалб намудани хешовандаш Ҳалимҷонов Наимҷон ба сафи ташкилоти номбурда аз гуруҳҳои мансуб ба ин ташкилот амри маъруф ва видеонаворхои ТТЭ “Давлати Исломӣ” вобаста ба ҷиҳод равона шударо дастрас намуда, ба охирин ирсол карда, амалҳои аъзоёни ташкилоти номбурдаро, ки дар Ҷумҳурии Араби Сурия ва Ироқ анҷом дода мешаванд ба пуррагӣ дуруст шуморидааст.
14 январи соли 2019 ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Рачабалиев И.М. дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуд.
Нисбати Раҷабалиев Иномҷон Маҳмадҷонович бо моддаҳои 4011 ва 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркуни ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 04 апрели соли 2019 нисбати Раҷабалиев Иномҷон Маҳмадҷонович бо моддаҳои 4011 ва 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 18 (ҳаждаҳ) сол аз озоди маҳруми бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ