8 октябри соли 2019 дар шаҳри Давҳа вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии Давлати Қатар Алӣ бин Фетаис ал-Маррӣ баргузор шуд.
Дар ростои тавофуқоти ҳосилшуда миёни Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар мавриди густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, дар рафти суҳбат масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими қонуният ва мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо алоқамандии мутақобилро ба тавсеаи робитаҳои байнисоҳавӣ, аз ҷумла зарурати фаъол намудани табодули таҷриба ва иттилоот байни прокуратураҳои генералии ду кишвар дар соҳаи ҳукуқӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ тарафайн таъкид гардид.
Пас аз анҷоми музокирот Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Давлати Қатар ба имзо расид.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ