19 сентябри соли 2024, дар доираи баргузории ҷаласаи 4-уми Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия, мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович баргузор гардид.

Дар рафти он ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, терроризми байналмилалӣ, истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла табодули маълумоти фаврӣ-тафтишотӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ибрози назар намуданд.

Қайд гардид, ки пешгирии тундгароӣ, экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромиллӣ танҳо дар натиҷаи кӯшишҳои дастаҷамъонаи дуҷониба натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба масъалаҳои болозикр ҳамкориро вусъат бахшида, баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Баҳри амалигардонии мувофиқатҳои бадастомада ва дар чорчӯбаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия Барномаи нави ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия барои солҳои 2025-2026 ба имзо расонида шуд.