Разоқов Зафар Султонович, санаи таваллудаш 09.06.1992 сол, зода ва сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, 03 июни соли 2019 тахминан соати 11:30 дақиқа дидаю дониста, ки муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба ноустувории қурби асъори миллӣ, беқадр кардан ва паст намудани қурби он оварда расонида, дар натиҷа ба низоми мубодилоти молиявию кредита зарар мерасонад, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов аз харидори шартӣ барои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, яъне пиёз 40000 сомонӣва 5000 доллари ИМА, ки баробар ба 47198 сомонӣ мебошад, гирифта, ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ муомилот кардааст.

  Прокуратураи ноҳияи Ҷ.Расулов 03 июни соли 2019 нисбати Разоқов З.С. бо аломатҳои моддаи 286 қисми 2 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтиш бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳия ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ҳамин ноҳия аз 09.07.2019 сол Разоқов З.С. бо моддаи зикршудаи Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 20075 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо