8 майи соли 2024 дар бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба мубодилаи маълумот вобаста ба хатару таҳдидҳое, ки ба амнияти ҳарду кишвар хатар эҷод менамоянд, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар, пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти ифротгароии хушунатомез ва терроризм, киберҷиноятҳо, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.

 

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот Ёддошти тафоҳум оид ба нияти ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар бораи татбиқи Низоми ҳифзшудаи муқоисавӣ ва арзёбии маълумоти шахсӣ бо мақсади танзими рафтуомади террористон (PISCES) ба имзо расонида шуд.

Низоми мазкур имкон медиҳад, ки тавассути истифодаи обзорҳои васеи технологӣ ҳаракати террористонро назорат намуда, дар дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мусоидат карда шавад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои ҳуқуқии дуҷониба дар самтҳои мухталиф давом дода мешавад.

 

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон