Мамаҷонзода М. моҳи январи соли 2019 дар асоси ақди никоҳи мусулмонӣ бо шаҳрванд Абдуллоева П.М. оила барпо намуда, дар давоми зиндагии якҷояашон мунтазам нисбати ҳамсараш муносибати бераҳмона карда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, шаъну шарафашро паст задааст.
Чунончи, 1 августа соли 2019 аз соати 02 то 04 Абдуллоева П.М. аз ҷониби Мамаҷонзода М. бинобар нест кардани рақами телефони мобилии “Фарангис" ном духтар аз хотироти телефон, ки дӯсти шавҳараш буда, тавассути барномаи “Вайбер” шавҳараш санаи 31 июли соли 2019 сӯҳбат кардааст, зери лату кӯби шадид қарор гирифтааст. Абдуллоева П.М. аз ин муомилаи бераҳмона ва паст задани шаъну шарафаш аз тарафи шавҳар тоб наоварда, маҳлули сирко истеъмол намуда, сӯиқасд ба худкӯшӣ кардааст. Прокурори ноҳияи Спитамен нисбати Мамаҷонзода М. бо моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба худкӯшй расонидан) парвандаи ҷинояти оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакй барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонидааст. Бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен Мамаҷонзода М. гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳруми аз озоди ба муҳлати 5 сол таъин карда шудааст.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ