7 ноябри соли 2023 дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Прокуратураи Олии Халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ин Юн баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои пурзӯр намудани фаъолият дар самти мубориза бо экстремизм, терроризм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҳамчунин масъалаҳои амниятӣ баррасӣ шуданд.
Дар масъалаи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ба мувофиқа расонида шуд. Ҷонибҳо муҳимияти густариши ҳамкории зич миёни ниҳодҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳоро ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.
Махсусан зикр гардид, ки ин самти ҳамкории ҳуқуқии дуҷониба аз ҷониби роҳбарони ду кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Цзиньпин 18 майи соли 2023 зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин муайян гардида буд.