Ҷӯрақулов Сироҷиддин Файзуллоевич дар ҳолати мастӣ хоҳараш Намозова Мунира Файзуллоевнаро ба манзили истиқоматиаш воқеъ дар деҳаи Доққӣ, деҳоти 20 солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бурда, онҷо ҳамроҳи шавҳари хоҳараш Намозов Илҳом Худоқулович нишаста нӯшокии спиртӣ истеъмол мекунанд.

  Ҳангоми бозгашт Ҷӯрақулов С.Ф. ба Намозов И.Х. таклифи ҳамроҳ рафтанромекунад ва чун дар ҳолати мастӣкарор дошт, хоҳараш Намозова М.Ф. ба ин монеъ мешавад, Намозов И.Х. завҷаашро телла дода, Ҷурақулов С.Ф. бошад, бо ӯ дар муноқиша мешаванд. Баъдан дар автомашинаишиносашон нишаста ба самти деҳаи Навбаҳор равона мегарданд.

 Дар роҳ муноқишаи онҳо боз шурӯъ гашта, аз автомашина берун шуда, ба лату кӯби ҳамдигар оғоз мекунанд. Арабов Ҷумъаназар ин ҳолатро дида, онҳоро аз ҳам ҷудо намуда, Ҷӯрақулов С.Ф.-ро ба манзили зисташ мерасонад. Намозов И.Х. аз паси онҳо вориди манзил гардида, боз бо ҳам дар муноқиша гашта , ҳамдигарро лату кӯб мекунанд. Ҷӯрақулов С.Ф. ба ғазаб омада, корди хоҷагиро аз ошхона гирифта, ба қисми рости бадани Намозов И.Х. зарба мезанад, ки мавсуф дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

  Прокурори ноҳияи Қӯбодиён нисбати Ҷурақулов С.Ф. бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуриии Тоҷикистон (одамкӯшӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда мешавад.

  4 октябри соли 2019 бо ҳукми суди ноҳияи Қубодиён Ҷуракулов С.Ф. гунахгор дониста, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 сол бо нигоҳ доштан дар колониям низомаш сахт татбиқ карда мешавад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо