14 марти соли 2025 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло кормандон ва собиқадорони мақомотро бо ин ҷашни касбӣ табрик намуда, доир ба таърихи таъсисёбии мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад намуд.

Подробнее...

26 феврали соли 2025 мулоқоти Прокурори генералии ҶумҳурииТоҷикистон ВоҳидзодаҲ.С. бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон баргузор гардид.Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар муқовимат ба терроризми байналмилалӣ, тундгароӣ ва экстремизм, қочоқи инсон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ муҳокима гардида, муттаҳид гардидани ҷонибҳо ва дастаҷамъона мубориза бурдан алайҳи ин вабои аср муҳим арзёбӣ гардид.

Подробнее...

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушторҳои дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд рухдодаро тафтиш намуда истодааст. Ҷиноят кушода шуда, айни ҳол бо парвандаи ҷиноятӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердиев Солехҷон Набиевич, таваллудаш 1 январи соли 1998, сокини шаҳри Конибодом,  ҷамоати   деҳоти  Фирӯзоба,  деҳаи  Гулбоғ,

Подробнее...

  14 феврали соли 2025 дар Прокуратураи генералӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло аз натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2024 ба хабарнигорон иттило дод.

   Қайд карда шуд, ки дар давоми соли 2024 аз ҷониби мақомоти прокуратура 6973 санҷиш гузаронида, 4172 парвандаҳои ҷиноятӣ (аз ин, 1302 коррупсионӣ) оғоз намуда, 62945 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 261022 нафар барқарор карда шуданд.  1 млрд 327 млн сомонӣ маблағи зарар (аз ин, 1 млрд 211 млн сомонӣ ба манфиати давлат) рӯёнида шуд.

Подробнее...

5 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ бинои прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур ҷиҳати таъминоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо шароити хуби корӣ, бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, бо техника ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Подробнее...

Подкатегории