Пиримзода Ҷаҳонгир Шералиевич моҳи ноябри соли 2018 бинобар носозгирии оилавӣ ҳамсараш Амонова Н.А. аз зиндагии якҷоя даст кашида, ба хонаи падару модараш ба деҳаи Карашувоқи ноҳияи Шаҳритус кӯчида меравад.

 9 сентябри соли 2018 Пиримзода Ҷ.Ш. дар асоси хусумати оилавӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ҳамсараш Амонова Н.А. нӯшокии оби ҷавро (пиво) харида истеъмол намуда, бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ шуда, ба назди номбурда, ки дар хоҷагии деҳқонии Чоршанбиев А. бо ҳамроҳии модараш Чоршанбиева С. ва янгааш Чоршанбиева С. машғули корҳои деҳқонӣ буд меравад.   Пиримзода Ҷ.Ш. ба Аминова Н.А. пешниҳоди бо ҳам зиндагонӣ намуданро мекунад. Бо фаҳмидани ҷавоби рад Амонова Н.А.-ро дар ҳузури модару янгаи ҳамсараш бо корди бо худ доштааш ҳуҷум оварда. ба узвҳои ҳаётан муҳимаш 7 маротиба зарба мезанад. Ин ҳолатро модар ваянгаи ҳамсараш дида доду фиғон мебардоранд. Пиримзода Ҷ.Ш. ҳолати аз ҳуш рафта ба замин афтидани Амонова Н.А.-ро дида, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Амонова Н.А. сари вақт аз ҷониби хешовандонаш ба беморхонаи марказии нохияи Шахритус дастрас карда, аз март наҷот меёбад.

  Прокурори вилояти Хатлон нисбати Пиримзода Ҷ.Ш. бо аломатҳои моддаи 32 қисми 3-104 қисми 2 банди “е” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноятӣ одамкӯшӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол намудааст.

  20 октябри соли 2019 бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон Пиримзода Ҷ.Ш. дар содир намудани ин ҷиноят пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба мӯҳлати 17 сол бо нигоҳ доштан дар коллонияҳои низомаш пурзӯр таъин карда мешавад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ