- Подробности
- Просмотров: 849
4 ноябри соли 2024 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувейт дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - марҳилаи Кувайтии раванди Душанбе” иштирок намуданд.
Конфронси сатҳи баланд бо сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ ифтитоҳ гардида, дар доираи ҷаласаи сатҳи вазирон маърӯзаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А. Раҳмон дар мавзӯи “Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм” шунида шуд.
Ҳамзамон, яке аз ҷаласаҳои мавзуии Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Хатару таҳдидҳои амнияти сарҳадии ҷаҳонӣ: Нигоҳи минтақавӣ аз Осиёи Марказӣ, Лигаи кишварҳои Араб ва Африка” аз ҷониби сардори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, тероризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.М. раисӣ карда шуда, дар доираи мавзӯи чорабинӣ маърӯза карда шуд.