Юнусов Қиёмуддин Кенҷаевич аввалҳои мохи мартӣ соли 2018 бо шаҳрванд Амиров Хисрав Бурихонович шиносои пайдо намуда, аз рӯи нақшаи қаблан бо ҳаммаслакаш Сайфулаева Дилором Қодировна таҳрезӣ намудаашон ба боварии Амиров Х.Б. даромада, ӯро бовар кунонидааст, ки бар ивази 3000 (се ҳазор) доллари ИМА метавонад аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе барояш ба масоҳати 0,03 га. қитъаи замини назди ҳавлигӣ бо ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷудо намояд.

    Бо мақсади пурра бовар намудан, шиносномаи Амиров Х.Б.-ро гирифта аз рӯи он ба воситаи Сайфулаева Д.Қ. бо насаб ва номи охирон қарори қалбакӣ дар хусуси ҷудо намудани қитъаи замин омода намуда, 06 марти соли 2018 қарорро ба охирин додааст. Худи ҳамон рӯз ӯ аз боварии Амиров Х.Б. сӯиистифода намуда, бо роҳи фиреб дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз охирин маблағи 17800 (ҳабдаҳ ҳазору ҳашт сад) сомониро мегирад. Сипас ӯ кирдорҳои қаллобонаашро идома дода, ба воситаи Сайфулаева Д.Қ. боз ду қарори қалбакӣ, дар хусуси иҷозати сохтмон бо ному насаби Амиров Х.Б. омода намуда, ба охирин дода аз ӯ боз ба маблаги 9450 (нуҳ ҳазору чор саду панҷоҳ) сомонӣ тасарруф намудааст. Дар натиҷа Юнусов Қ.К. ва Сайфулаева Д.Қ. бо ин кирдорҳояшон ба Амиров Х.Б. ҷамъ ба маблағи 27250 (бисту ҳафт ҳазору ду саду панҷоҳ) сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонида, маблапғҳои тасаруф намуда ба манфиати шахсиашон сарф намудааст.

  Юнусов Қ.К бо ин тартиб аз моҳи июни соли 2018 бо шаҳрвандон Шоев Руҳулло Маҳмадович, Маҳмадуллои Сунатулло, Ниёзов Қудратулло Ҳукуматуллоевич, Абдураимов Аъзамҷон Хайриматович шиносои пайдо намуда, аз Шоев Р.М. маблағи 17600, Маҳмадуллои С. ба маблаги 46000, ба Ниёзов Қ.Ҳ. маблағи 68250, Амиров X. Б.27250, Абдураимов А.X.28500, Эшонов Т. 29124 сомониро бо роҳи фиеб ва суистифодаи боварӣ азони худ намуда ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.

  Нисбати Юнусов Қиёмуддин Кенҷаевич бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б”, 338 1 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешаки бо тасдиқи фикри айбдоркуни барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

  Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Юнусов Қиёмуддин Кенҷаевич бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б”, 338 1 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин моддаҳо ба муҳлати 11 сол маҳрум сохтан аз озодӣ дар дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр адои ҷазо таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо