Шаҳрвандони муҳтарам!
Бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар “Телеграм” паёмаки “Вам отправили подарок-подписка Телеграм Премиум сроком на 1 год! Активировать подарок через ссылку” бо истифода аз номи наздикон ба шаҳрвандон ирсол шуда истодааст.
Дар натиҷаи таҳлил ва коркарди техникӣ муайян гардид, ки паёмаки мазкур ва пайванди (ссылка) ирсолшуда дорои вируси зараровар буда, ҳамлаи хакерӣ дар намуди “Фишинг” мебошад.
Дар ҳолати кушодани паёмак ва ворид шудан ба пайванди ирсолшуда, хакерҳо метавонанд аккаунти “Телеграм”-и истифодабарандагонро ғайриқонунӣ аз худ намуда, ба мақсадҳои ғаразнок истифода баранд.
Дар натиҷаи гузаштан ба пайвад (ссылка) метавон маълумотҳои шахсӣ ва бонкии худро дар ихтиёри хакерҳо-қаллобони интернетӣ гузошт, ки баъдан онҳо инро барои тасарруф намудани маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкии истифодабарандагон ё талаб намудани маблағ бар ивази баргардонидани аккаунтҳои аз худ шуда истифода намоянд.
Аз ин рӯ, аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати ба онҳо ирсол гардидани паёмак ва пайванди болозикр, новобаста аз номи кӣ, онро накушоянд ва ба дигарон ирсол накарда, онро банданд (заблокировать) ё нест кунанд (удалить).
ХУДРО ВА НАЗДИКОНАНТОНРО АЗ ҲАМЛАҲОИ ХАКЕРӢ ЭМИН НИГОҲ ДОРЕД !