Хабарҳо
НАШЪАҶАЛЛОБ БА МАҲБАС РАФТ
20 ноябри соли 2016 Хусравбеков З. А. дар ҳудуди ш. Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми интиқол ва ба соҳибияти каси дигар додани 1 кг 654,3 гр. маводи нашъаовари навъи «ҳашиш» дастгир карда шуд. Пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ ба суд фиристода шуда, 3 феврали соли 2017 бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе номбурда бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в», «г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ