Хабарҳо

Мулоқоти намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Федератсияи Россия бо мақсади дастгир кардани Саидмуродов Д.Ҳ.

Дар толори маҷлисгоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати ҷинояти куштори муовини якуми роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» бо аъзои котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, аъзои Шӯро, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 50 минтақаи Федератсияи Россия баргузор гардид. 

Зимни мулоқот ба самъи иштирокчиён расонида шуд, ки яке аз ҷинояткорон, аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ – Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович айни ҳол дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор дошта, бо мақсади пешгирӣ кардани дигар кирдорҳои ҷиноятии номбурда, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон барои дастгир ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ таслим намудани ӯ ба ҳамкорӣ даъват намуданд.

Роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ бо расмҳои ҷинояткор ошно гардида, ҳамкории худро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хабар додан оид ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҷамъоварии дигар маълумот нисбати  ҷинояткори махсусан хавфнок омодагии худро иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки ҳар нафаре, ки ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба буду боши ҷинояткор иттилоъ медиҳад, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Ҳамзамон нисбати шахсоне, ки бо ҳар роҳу восита ба Саидмуродов Д.Ҳ. мусоидат менамоянд, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад. 

Чунончи: Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминов Фируз Фатоевич, санаи таваллудаш 10 январи соли 1984, сокини ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Чуст, деҳаи Чузӣ, ки аз соли 2020 бо Саидмуродов Д.Ҳ. шиносоӣ дошт,  баъди содир кардани ҷиноят Саидмуродов Д.Ҳ.-ро дар шаҳри Пензаи Федератсияи Россия қабул карда, то 1 июли соли равон барои пинҳон шудани ӯ мусоидат намудааст. Пас аз ин, Муминов Ф.Ф. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, дидаву дониста, ки Саидмуродов Д.Ҳ. дар ҷустуҷӯӣ байналмилалӣ қарор дорад бо мақсади дар дигар минтақаи Федератсияи Россия пинҳон намудан, ӯро аз шаҳри Пенза тавассути воситаи нақлиёти кироякаш ба шаҳри Москва гусел кардааст.

Бинобар ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Муминов Ф.Ф. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҷустуҷӯӣ байналмилалии ӯ эълон карда шудааст.

                           

Ҷустуҷӯшаванда:  Муминов Фируз Фатоевич, санаи таваллудаш 10 январи соли 1984, сокини ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Чуст, деҳаи Чузӣ.