Хабарҳо

Фаъолияти ташкилоти “Pamir Daily News” дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд.

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2023 аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, ташкилоти “Памир дейли нюс”   (“Pamir Daily News”)  ё  “Памир нюс” (“Pamir News”) ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Ҳамзамон фаъолияти сомонаҳои интернетии ташкилоти мазкур дар ҳудуди кишвар баста шуданд.   

Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзоёнаш ғайриқонунӣ буда, анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.