Хабарҳо

Қочоқгар ба дом афтод.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 апрели соли 2023 зимни санҷиши аризаи шаҳрванд Сангов Р.М. дар корхонаи истеҳсолии  “Яхдон”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян намуд, ки шаҳрванд Маниёзов К.Ҷ. дар ҳудуди ин корхона ду адад анборхонаҳоро ба иҷора гирифта, дар онҳо 1330  адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии тамғаи “Злато”, 600  адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии хурд, 4000 адад таҷҳизоти баркии гармидиҳӣ (радиатор) тамғаи “Bosh” ва “Samsung”, 2800 адад зарфҳои сафолӣ барои чойнӯшӣ (бокал)-ро ғайриқонунӣ  бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ нигоҳ доштааст.

Молҳои мазкур дар давоми моҳҳои август-сентябри соли 2022 аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ғайриқонунӣ, бидуни назорати гумрукӣ, бо роҳи қочоқ ба сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори калон ворид карда шудаанд.

Тибқи маълумотномаи Раёсати минтакавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе арзиши умумии эҳтимолии бозоргонии ин таҷҳизотҳои барқӣ ба маблағи 2 108 800 сомонӣ буда, боҷ ва андози гумрукии он бошад, маблағи 271 820 сомониро ташкил медиҳад.

Аз натиҷаи санҷиш 5 майи соли 2023 нисбати Маниёзов К.Ҷ. барои содир намудани ҷинояти қочоқ ба миқдори калон бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятй оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ бо он идома дорад.