Хабарҳо

Хабари иловагӣ оид ба ҳодисаи рабудани муовини раиси Ориёнбонк

Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муайян карда шуд, ки роҳбарии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро вобаста ба рабудани муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович ба уҳда дошта, ӯ нақшаи ҷинояти мазкурро моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд. 

Он вақт амалӣ намудани ҷинояти номбурда бо сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда муяссар нагардид.

23 июни соли 2023 бошад, соати 20:10 дар кўчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе Саидмуродов Д.Ҳ. бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоев Ш.А.-ро зуран ба автомашинаи тамғаи «Хюндай - Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97М01, рангаш сиёҳ, савор намуда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб рабудаанд.

Онҳо шаҳрванд Исматуллоев Ш.А.-ро то соати 03:00 рӯзи 24 июн дар яке аз хонаҳои деҳаи номбурда бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.

Баъдан, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷасади Исматуллоев Ш.А. ва автомашинаи тамғаи «Хюндай- Соната»-ро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд.

Дар рафти убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова Ашуров Р.К. аз тарси дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуданаш, таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва  якчанд нафари дигарро гаравгон гирифта, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ярадор ва 3 июл аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок гардидааст.

Айни замон, дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шудаанд.

Баҳри дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев Ш.А. идома дорад.