Хабарҳо

Вокуниш ба мақолаи “Дар сари фарзанди мардум номи ноҳияи Конибодом...”

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 15 июни соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақола бо номи “Дар сари фарзанди мардум номи ноҳияи Конибодом....” нашр ва акси ҳолати ба таври таҳқиромез кам кардани мӯйи сари сарбозон паҳн гардида,таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ҷалб намудааст.

Ҳолати мазкур мавриди санҷиши пурраю ҳаматарафа қарор гирифта, муайян гардид, ки 14 январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Исмоилов Муҳриддин Насиббоевич ӯҳдадор гардидааст, ки тибқи талабот мӯйи сари сарбозонро кам карда, тартиб ва намуди зоҳирии онҳоро ба низом дарорад.

Номбурда бархилофи талаботҳои Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ба нуҳ нафар сарбозони навдаъватшуда Кароматзода Б.Л.,Азамзода М.А., Қурбонов С.Н., Гулмирзоев И.М., Раҳматуллозода И.Р., Кенҷаев К.Р., Раҷабов Р.Н., Мирзоев Н.У. ва Ғуломзода К.С. ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда, бо мақсади нишон додани бартарии ҷисмонии худ, қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозони қатории номбаршуда таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст.

Ӯ бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти хурд Давлатов А.М. ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст.  Давлатов А.М. акси мазкурро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15 июни соли 2023 ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур 16 июни соли 2023 нисбати хизматчиёни ҳарбӣ  Исмоилов М.Н. ва Давлатов А.М. бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.