Хабарҳо

Саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ

Дар рафти санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” муайян карда шуд, ки 18 марти соли 2022 кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ дар асоси талаботи Қонуни мазкур ва карори комиссияи даъватии шаҳри Хоруғ даъватшаванда Комилов Сорбон Арабшоевичро дар асоси даъватнома бо мақсади ҳозир шудан ба Комиссариати ҳарбӣ ҷиҳати гузаштан аз муоинаи тиббӣ дар санаи 19 марти соли 2022 баҳри сафарбар намудан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват намудаанд.

1 апрели соли 2022 бо гузаштан аз комиссияи тиббии нуқтаи даъвати вилоятии Комиссариати ҳарбии ВМКБ Комилов С.А. қасдан аз ҳозир шудан ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ баҳри сафарбар гардидан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намуда, бе сабабҳои узрнок ба нуқтаи даъват ҳозир нагардидааст.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола, ки ҳуқуқи озод шудан ё мавқуф гузоштани хизмати ҳарбиро надоранд, даъват карда мешавад.

Комилов С.А. бо гирифтани даъватномаҳои Комиссариати ҳарбӣ ва даъвати чандинкаратаи масъулин қасдан бе сабабҳои узрнок дар муҳлатҳои таъиншуда аз ҳозир шудан ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ баҳри гузаштан аз муоинаи комиссияи тиббӣ ва сафарбар гардидан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудааст.

Прокурори шаҳри Хоруғ нисбати Комилов С.А. бо моддаи 343 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Хоруғ Комилов С.А. бо моддаи 343 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 1 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон