Хабарҳо

Худсарона ишғол намудани қитъаи замин

Сафарзода Афзалшоҳ Асомиддин, сокини шаҳри Ваҳдат бархилофи талаботи моддаи 2-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни қарори раиси шаҳр ва шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин худсарона майдони умумии 28.6 метри мураббаъ қитъаи замини мансуб ба заминҳои истифодаи умумро ғасб намуда, ғайриқонунӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ таҳкурсии бетонӣ рехта, бо хишт истгоҳи автомобилӣ сохтааст.

Прокурори шаҳри Ваҳдат нисбати Сафарзода А.А. бо моддаи 338 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, онро баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат Сафарзода А.А. дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 338 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7480 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон