Хабарҳо

Иҷрои талаботҳои қонунгузории танзим ҳатмист

Шаҳрванд Саидов Маҳмади Махсумович, бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, санаи 22 январи 2022 сол аз соати 08:00 то соати 11:00 дар рӯзи якшанбе, дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев, деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат, дар ду дег таоми “ош” тайёр намуда, ҳангоми гузаронидани маросими чили оилааш ба иштирокдорони маросим зиёфат додааст.

Тибқи талаботи банди 2 моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маросими “се”, “чил” ва “сол” бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд.

Прокурори шаҳри Ваҳдат нисбати Саидов М.М. бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба суд ирсол намудааст.

Бо қарори суди шаҳри Ваҳдат Саидов М.М. ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон