Хабарҳо

Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ !

Юлдошев Салим Рузибоевич, дар вазифаи роҳбари кооперативи тиҷоратии "Машъал"-т АИО "Зарзамин"-и ноҳияи Спитамен кору фаъолият намуда, ҷинояти азонихудкунӣ ба миқдори махсусан калонро дар ҳолати зерин содир кардааст.

Чунончи, ӯ дар давоми фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бе қарори маҷлиси умумӣ ва розигии аъзоёни кооперативи тиҷоратии номбурда, дар давраи аз 29 марти соли 2021 то 16 сентябри соли 2022 - 210 cap чорвои майда, ки аз ин 6 cap меш, 46 cap гусфанди хароб (брак), 112 cap гусфанди нар, 21 cap барраи нари соли 2021, 15 барраи соли 2022 ва 10 барраи моддаи соли 2021-ро ташкил медиҳанд, ба фуруш бароварда, маблағи онро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф карда, бо ин кирдораш ба кооперативи тиҷоратии "Машъал"-т АИО “Зарзамин” маблағи 274.400 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Прокурори ноҳияи Спитамен нисбати Юлдошев С.Р. бо моддаи 245 қисми 4 банди "б" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен аз 20.02.2023 сол Юлдошев С.Р. бо моддаи 245 қисми 4 банди "б" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 1900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 129.200 сомонӣ ва 2 сол маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон