Хабарҳо

Азонихудкунӣ маблағҳои буҷетӣ ва тасарруфи молу мулки ғайр.

Прокуратураи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятиро нисбати Маҳседдинов Сафарали Ботурович бо моддаҳои 245 қ.4, б.”б”, 247 қ.2 б.”в”, 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ахмедов Ёқубҷон Акрамҷонович бо моддаҳои 322 қисми 1 ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷом расидани тафтиш, аз тарафи суди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон  баррасӣ карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Маҳседдинов С.Б. ба ҳайси муҳосиб бар хилофи талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумхурии Тоҷикистон амал карда, аз 20.09 соли 2019 то моҳи июни соли 2022 дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №6-и шаҳри Левакант барои ним басти кории муҳосиб маблағи 20099,40 сомонӣ,  №13-и шаҳри Бохтар барои як басти кории муҳосиб маблағи 14047,01 сомонӣ, №12-и ноҳияи Кушониён барои як басти кории муҳосиб 11847,10 сомонӣ,  №6-и ноҳияи Кушониён барои як басти кории муҳосиб 18357,37 сомонӣ, ҷамъ маблағи 64350 сомонӣ музди меҳнатро тариқи корти миллӣ, ведомостҳои музди меҳнат ва рухсатии тартибдодааш азонихуд кардааст.

Инчунин, Маҳседдинов С.Б. ҳангоми дар вазифаи муҳосиби Муассисаи таълимоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Кушониён кор карданаш, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ, такроран, бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва тасдиқи онҳо аз тарафи директори муассисаи мазкур Ахмедов Ёқубҷон Акрамович, аз моҳи ноябри соли 2021 то моҳи июли соли 2022 маблағи 124055 сомониро бо роҳи тартиб додани санадҳои харид ва соқиткунии қалбакӣ ва маблағи 1022 сомониро бе ҳуҷҷати хароҷоти  азонихуд кардааст.

Маҳседдинов С.Б. дар маҷмӯъ 189427 сомонӣ маблағҳои буҷетиро азонихуд карда, ба давлат зарари махсусан калони модди расонидааст.

Ғайр аз ин, Маҳседдинов С.Б. аввалҳои моҳи июни соли 2022 аз сармуҳосиби Беморхонаи марказии шаҳри Левакант Сафаров Суҳроб Бекмуродович, ки номбурда дар фаъолияти худ ба камбудии молиявӣ роҳ дода буд, бо мақсади барқароркунии маблағи камомад  аз банкомати назди бинои Филиали №43-и БДА «Амонатбонк» дар шаҳри Бохтар аз корти миллии Сафаров С.Б. маблағи 50000 сомониро гирифта, пас аз муроҷиатҳои зиёд 19000 сомонии онро ба Сафаров С.Б. дода, боқӣ 31000 сомониашро тасарруф намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Кӯшониён  судшаванда Маҳседдинов С.Б. бо моддаҳои 245 қ.4, б.”б”, 247 қ.2 б.”в” ва 323 КҶ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъйиншуда, ҷазои ниҳоӣ ба Маҳседдинов С.Б. дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 11 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои сармуҳосиб ва муҳосиб ба мӯҳлати 4 сол бо нигоҳ доштан дар коллонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт таъин карда шудааст.

Бо ҳамин ҳукм Ахмедов Ё.А.,  бо моддаҳои 322 қисми 1 ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъйиншуда, ҷазои ниҳоӣ ба Ахмедов Ё.А. дар намуди ҷарима, 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 12800 сомонӣ бидуни ишғоли вазифаҳои муайян ба фаъолияти муайян ҷазо таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон