Хабарҳо

Хизмати ҳарбӣ - қарзи Ватандорист

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Айни замон уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” амалӣ шуда истода, пурранамоии Қувваҳои Мусаллаҳ бо даъватшавандагони ҷисман солим, соҳибмаълумот ва соҳибкасб таъмин гаштааст. Қонуни зикршуда ва фармонҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаи шаҳрвандони синни даъватиро уҳдадор менамояд, ки дар навбати аввал қарзи худ хизмат ба модар-Ватанро адо намоянд. Дар ин замина, шумораи шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, сол то сол кам шуда, сафи шаҳрвандоне, ки хоҳиши ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан доранд зиёд гардида, ҷавонон дар асоси даъватнома ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шудаанд.

Ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб намудани фарзандони шахсони мансабдор низ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Комиссияҳои даъватӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2021 аз оилаҳои мансабдорон ва дигар кормандону хизматчиёни давлатӣ 299 нафар ва баҳории соли ҷорӣ 120 нафарро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардаанд, ки 19 нафари он фарзандони кормандони прокуратура мебошанд. Аз даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ бошад, ба ҳолати 30 октябр аз оилаҳои мансабдорон ва дигар кормандону хизматчиёни давлатӣ 124 нафар даъват ва ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуда, кор дар ин самт идома дорад. Масалан, фарзандони раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоқикобод, Рашт, Бохтар, сардори шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод, ва прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд. Чунин тарзи кор дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ ҷой доранд.

Илова бар ин, бо мусоидати кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҳарбии гарнизонҳо дар рафти маъракаҳои даъват баъзан шаҳрвандон ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозиру ба хизмати ҳарбӣ даъват ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шудаанд.

 

  Маркази матбуоти прокуратураи

  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон