Хабарҳо

Одамкӯшӣ !

Хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 3502 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сержанти хурд Назаралии Шариф, дар давраи адои хизмати ҳарбӣ дар ҳолати зерин даст ба содир кардани ҷинояти вазнини муқобили ҳаёт ва саломатй задааст.

 Чунончӣ, 6 январи соли 2022 соати 10:15 дақиқа тибқи нақшаи гузаронидани машғулиятҳои қисми ҳарбии 3502 ба таври амалӣ «Бонги хатари таълимӣ» дар намуди «Шикор-3» эълон гардид. Хизматчиёни ҳарбӣ, барои  санҷиши омодабошии ҷангӣ ва тайёрии тактикӣ тибқи нақша дар постгоҳҳо мавқеъҳои ҷангии худро ишғол намуда, дар ҳандақҳо камин гирифтанд.

Аз рӯи тақсими вазифаҳо ва мавқеъгирӣ дар ҳандақҳо хизматчиёни ҳарбӣ қаторӣ Кенҷаев Ҷ.Ш. ва дигар сарбозон бо роҳбарии сержанти хурд Назаралии Ш. дар канори чапи даромадгоҳи қисми ҳарбӣ мавқеи худро дар ҳандақҳо ишғол намуда, бо ин тартиб вазифаҳои ба онҳо гузошташударо зимни бонги хатари таълимӣ иҷро карданд.

Соати 10:30 дақиқа бонги хатари таълимӣ ба анҷом расида, ҳайати шахсӣ супориш гирифтанд, ки ба маҳалли ҷойгиршавии рота баргарданд. Вале сержанти хурд Назаралии Ш. ин супоришро иҷро накарда, аз ҳандақи ишғолнамудааш баромада, ба назди афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ.Ш. рафтааст, Кенҷаев Ҷ.Ш. мили силоҳи хизматии худ тамғаи пулемёти «Калашников», ки дар он тирдон пайваст карда нашуда, тир надошт, ба тарафи Назаралии Ш. гардонда, шухиомез гуфтааст. ки ӯро мепарронад ва механизми зарбасардиҳанда (курок)-ро пахш намуда, милли силоҳашро поён фароварда, рӯ ба рӯи Назаралии Ш. истодааст.

У, тахминан дар масофаи 5-6 метр, ки дуртар аз афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ.Ш. қарор дошт, аз ин рафтори номбурда дар ғазаб шуда, бар хилофи бандҳои 11-12 Оинномаи хизматии дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон амал намуда, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани охирин аз дохили сумкааш тирдонро, ки дар дохилаш 30 дона тир ҷой карда шуда буд, бароварда ба силоҳи хизматии ба ӯ вобаста шудаи «Калашников» тамғаи « АКМ » пайваст намуда, қуланги онро кашида, ба тирпаронӣ омода кардааст.

Сипас мили силоҳашро ба тарафи афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ. Ш. рост карда, номбурдаро ба нишон гирифта, бо мақсади паронидан муҳофизакро кушода, механизми зарбасардиҳанда (курок)-ро пахш намудааст. Вале новобаста аз иродаи ӯ бинобар сабаби пурра пайваст нагардидани тирдон ба силоҳ аз он тир паронида нашудааст. Назаралии Ш. ин ҳолатро пурра дарк карда, кирдори қасдонаашро идома дода, бо мақсади ба анҷом расонидани қасди пешгирифтааш, тирдони пур аз тирро дубора аз нав ба силоҳ дуруст пайваст карда, минбаъд ӯ дарҳол силоҳашро ба ҳолати омодабошӣ оварда, муҳофизакро кушода, аз нав қулангро кашида, тирро ба мили силоҳ ҷой кардааст.   

Баъдан, бо мақсади парронда куштани афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ.Ш. мили силоҳро ба ҷониби узви ҳаётан муҳими номбурда-сараш рост карда, ба нишон гирифта, механизми зарбасардиҳандаро пахш намуда, як тири нишонрас паррондааст, ки он ба қисми рости чаппаи сари афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ.Ш. расидааст.

Дар натиҷа номбурда аз тир ҷароҳати тирзахми вазнини барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, нисбати сержанти хурд Назаралии Ш. бо моддаи 104 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикстон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 8 апрели соли 2022 Назаралии Ш. бо моддаи 104 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда,  нисбаташ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон