Хабарҳо

Ба суиқасди худуқшӣ расонидан !

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Умаров Қаҳрамон Туйчиевич, бо моддаи 109 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи ноҳияи Спитамен, ба анҷом расонида шуда буд, дар суди ноҳияи Спитамент, баррасӣ карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки сокини ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Сарбанд, деҳаи Сариосиё Умаров Қ. Т. бо шаҳрванд Усмонова Нигина Ботиралиевна санаи 27 ноябри соли 2016 оила барпо намуда, дар давраи зиндагии якҷоя мунтазам нисбати ҳамсараш муомилаи бераҳмона карда, шаъну шарафашро паст мезадааст.

Санаи 20.12.2016 сол Усмонова Н.Б. телефони мобилии шавҳарашро гирифта ба волидайнаш ҳамсуҳбат шудааст ва баъди анҷоми суҳбат телефонро ба шавҳараш надода дар як тараф гузоштааст.

Ин амали ӯ ба шавҳараш Умаров Қ. Т. писанд наомада ӯро ба наздаш даъват карда, бо баҳонаи он, ки телефонро ба дасташ надодааст бо мушт чор маротиба ба сару рӯйи Усмонова Н.Б. задааст.

Боз санаи 23.03.2018 сол Умаров Қ.Т., ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор дошт, бо воситаи телефони мобилӣ ба ҳамсараш занг зада суҳбат карда, иброз намудааст, ки ӯ барои худ маъшуқа ёфтааст ва бо вай муносибати ошиқона ва ишқварзӣ мекунад.

Усмонова Н.Б. бошад аз шунидани суханҳои шавҳараш нороҳат шуда норозигӣ баён намуда изҳор кардааст, ки ба хонаи волидонаш меравад.

Умаров Қ.Т. аз ин сухани ҳамсараш Усмонова Н.Б. ба ғазаб омада, нисбати ҳамсараш ва волидонаш суханҳои таҳқиромез ва дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи Усмонова Н.Б.-ро паст задааст.

Усмонова Н.Б. пас аз шунидани ин суханони таҳқиромези шавҳараш маъюс гардида, 8 адад кулчадору бо мақсади худкуши кардан истеъмол намуда, ки дар натиҷаи заҳролудшави дар беморхона бистари шудааст.

Умаров Қ.Т. баъди аз Федертсияи Руссия омаданаш мунтазам муносибатҳои бераҳмонаашро бо ҳамсараш идома дода, оқибат санаи  20.03.2021 сол тахминан соати13:00 дақиқа ба дохили хонаи хобаш даромада, 25 дона кулчадоруҳои гуногунро истеъмол карда, сӯиқасди худкушӣ кардааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен, аз 05.05.2021 сол Умаров Қ.Т. дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 109 қисми 2-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати 5 солу 6 моҳ, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон