Хабарҳо

Одамкӯши бо бераҳмии махсус !

Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бурҳонова Х.А., бо моддаҳои 117 қисми 2 банди “в”, 174 ва 104 қисми 2 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби муфаттиши прокуратураи шаҳри Ҳисор ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ карда шуд.

Дар рафти тафтишоти пешаки ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Бурҳонова Х.А., соли 2017 бо Джураев Мирзо Собирович, оила барпо намуда, аз зиндагии якҷояашон соҳиби як фарзанд Бурҳонова Амина Мирзоевна гардида, дар ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти МирзоТурсунзода, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров-72 зиндагонӣ мекарданд.

Бурҳонова Х.А., нисбати фарзандаш Бурҳонова Аминаи чорсола, ки аз ҷиҳати моддӣ ба ӯ вобастагӣ дошт, мунтазам дағалона рафтор карда, бо сабабҳои гиря кардан ё чиркин кардани либосҳо ӯро доимо латӯ кӯб карда, ба хонаи волидони худ ба шаҳри Ҳисор, кӯчаи Парии Ҳисорӣ-3 «а» мерафтааст.

Бурҳонова Х.А.,  22 феврали соли 2022 тахминан соати 10 аз рафтори кӯдакаш Аминаи хурдсол ба ғазаб омада, ҳангоми иваз намудани либосҳои ӯ дидаю дониста, ки номбурда аз ҷиҳати ҷисмонӣ қувваи муқобилият карданро ба ӯ надорад, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани охирон бо истифода аз болопӯши кӯдакона даҳону бинии ӯро фишӯрда, пахш намуда, роҳҳои нафасгириашро маҳкам мекунад, ки дар натиҷа Аминаи чорсола, дар ҷойи ҳодиса вафот мекунад.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 22 июни соли 2022 БурҳоноваX.А., бо моддаҳои 117 қисми 2 банди “в”, 174 ва 104 қисми 2 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

 

      Маркази матбуоти Прокуратураи

      генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон