Хабарҳо

Иҷрои талаботҳои қонунгузории танзим ҳатмист !

Шаҳрванд Ҷобиров Талабхоҷа Ҳакимович, сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон,  маҳаллаи Ш.Шоҳин, бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба чунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задааст.

      Чунончӣ, ӯ санаи 29 январи соли 2022 барои гузаронидани маъракаи тӯйи домодии фарзандаш бо додани зиёфат аз соати 18:00 то 21:00 аз мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тавсиянома гирифта, вақти баргузор намудани маъракаро риоя накарда, санаи 29.01.2022 сол аз соати  11:30 дақиқа бо оростани дастархон ва додани таоми ош зиёфати тӯйи домодии фарзандашро cap карда, аз соати 18:00 то соати 20:00 бо иштироки сарояндагон бо базму бозӣ маракаашро давом дода мегузаронад, ки бо ин кирдораш талаботи моддаи 14 банди 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вайрон мекунад.

     Прокурори шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон,нисбатиҶобиров Т.Ҳ. бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба суд ирсол намудаст.

       Бо қарори судишаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон,Ҷобиров Т.Ҳ. ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

 

 

       Маркази матбуоти Прокуратураи

       генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон