Хабарҳо

Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ

  27 ва 28 июли соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия  Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Ҷумҳурии Федеративии Германия вохӯриҳо бо Прокурори генералии федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия, ҷаноби доктор Петер Франк, Прокурори генералии шаҳри Дюсселдорф Ҳорст Бин ва дигар шахсони расмии замини Рейни Шимолӣ- Вестфалия баргузор гардиданд.

 Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташакили фаромиллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар, парвандаҳои ҷиноятии мушаххас, истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо аз барқарор шудани муносибатҳои мустақими дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри тақвият бахшидани он ба мувофиқа расиданд. Сафари корӣ ва мулоқотҳо давом доранд.

 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ