Материалы

ХАБАРИ МАТБУОТӢ

19-20 сентябри соли 2023 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Мадрид қарор доранд,  бо роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания мулоқотҳо анҷом доданд.

Дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои муқовимати муштарак ба терроризм ва экстремизм, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.

Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания мақоми ваколатдори давлатии Испания дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм буда, мубодилаи маълумоти фаврӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муайян намудани хатару таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ ба уҳдаи ин мақом вогузор шудааст. Аз ин рӯ, ба мувофиқа расида шуд, ки байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания дар фурсати наздиктарин дар хусуси истифодаи муштараки иқтидори Маркаи ягонаи итилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шавад.

Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.