Материалы

Сафари кории Раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (14-16 марти соли 2023)

Санаи 14 марти соли 2023 сафари кории Раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус, муҳтарам Гора Дмитрий Юревич ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус, муҳтарам Гора Дмитрий Юревич доир гардида, дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, вазъи амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои ИДМ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, маблағгузории терроризм, киберҷиноятҳо, эътирофи мутақобилаи созмонҳои террористӣ ҳамчун ташкилотҳои ҳамсон дар ҳудуди якдигар, мубориза бо ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳокима гардиданд.

Баҳри амали гардонии мувофиқатҳои бадастомада ва дар чорчӯбаи Созишномаи байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус аз 28 июни соли 2019 Барномаи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2023-2024 ба имзо расонида шуд. 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ