Хабарҳо

16.05.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ аз натиҷаи ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ)

16 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев Камран Байрам оғли, Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Муваҳидии Озод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Асилов Берик Ногаевич, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Султонов Улукбек Ташболотович, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон Рашиддин Наваз Касурӣ, Прокурори генералии Суди олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин, муовини Прокурори генералии Туркманистон Ниязлиев Алланазар Атаевич, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юлдошев Нигматилла Тулкинович ва Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ иштирок намуданд.

15.05.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ оид ба сафари кории Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 майи соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Суди Олии аппелатсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Бекир Шаҳин доир гардида, дар рафти он масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари зиёд доранд, инчунин интиқол ва истирдоди маҳбусон ва дастгир намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доранд, муҳокима гардиданд.

7 майи соли 2024 сафари кории муовини Прокурори генералии Малайзия хонум Дато Сузана бинти Атан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Прокурори генералии Малайзия (солиситори II) хонум, Дато Сузана бинти Атан доир гардида, дар рафти он масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари зиёд доранд, муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва пешгирии ҳама гуна ҷиноятҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия Шартнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба имзо расонида шуд.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Фотогузоришҳо

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара

Харитаи сомона