Хабарҳо

14.02.2025

ХАБАРИ МАТБУОТӢ

14 феврали соли 2025 дар Прокуратураи генералӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло аз натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2024 ба хабарнигорон иттило дод.

Қайд карда шуд, ки дар давоми соли 2024 аз ҷониби мақомоти прокуратура 6973 санҷиш гузаронида, 4172 парвандаҳои ҷиноятӣ (аз ин, 1302 коррупсионӣ) оғоз намуда, 62945 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 261022 нафар барқарор карда шуданд.  1 млрд 327 млн сомонӣ маблағи зарар (аз ин, 1 млрд 211 млн сомонӣ ба манфиати давлат) рӯёнида шуд.

Ба мақомот 44043 муроҷиат ворид гардида, 3379-тои онҳо қонеъ карда шуданд.

Дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 1101 (181-то нисбати мансабдорон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз,4315 амру пешниҳод, 2185 эътироз оварда шуда, 154,5 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. 7190 нафар ба ҷавобгариҳо кашида шудаанд.

21.12.2024

ХАБАРИ МАТБУОТӢ

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушторҳои дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд рухдодаро тафтиш намуда истодааст.

Ҷиноят кушода шуда, айни ҳол бо парвандаи ҷиноятӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердиев Солехҷон Набиевич, таваллудаш 1 январи соли 1998, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ, Тухтаев Аҳадҷон Насибҷонович, таваллудаш 10 майи соли 1997, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ, Равшанов Бахтиёр, таваллудаш 29 майи соли 1988, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзор ва Одилов Манучеҳр Солиҷонович, таваллудаш 22 апрели соли 1996, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоев дастгир гардиданд. Фаъолияти гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.12.2024

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 декабри соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-поковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯро роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, прокуророн ва  сардорони раёсатҳои ВКД ва КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

05.12.2024

Ифтитоҳи бинои прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ бинои прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур ҷиҳати таъминоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо шароити хуби корӣ, бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, бо техника ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Фотогузоришҳо

   

 

 

 

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара

Харитаи сомона