ХАБАРИ МАТБУОТӢ оиди сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар (17 - 18 феврали соли 2024)
17 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Давлати Қатар баргузор гардид.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
16 феврали соли 2024 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Ализода Зариф барои воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2023 баромад намуд.
ХАБАРИ МАТБУОТӢ
Санаи 02 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб доир гардида, дар рафти он масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории трансмиллӣ муҳокима гардиданд.
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Хабарҳо
ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
Имрўзҳо кулли мардуми заҳматқарини кишвари маҳбуб ва офтобрўяи Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва тинҷию оромии Ватан ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгонамон дар мутобиқат ба тақвими қадимаи халқи тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ - Наврўзро бо шукўҳу шаҳомати ҳамешагӣ пешвоз мегиранд.
Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дошта, аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши онро бо салтанати шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар ин бора чунин гуфтааст:
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй,
Фурӯмонда аз фарраибахти ӯй.
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Таҷлили иди касбӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 марти соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 32-солагии таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибстиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод кормандон ва собиқадорони мақомотро бо ин ҷашн табрик намуда, доир ба таърихи таъсисёбии мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони истиқлол, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад намуд.
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН
Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.
Эмомалӣ РАҲМОН
ХАБАРИ МАТБУОТӢ оиди сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар (17 - 18 феврали соли 2024)
17 феврали соли 2024 сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Давлати Қатар баргузор гардид.
Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Прокурори генералии Давлати Қатар Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ доир гардида, дар рафти он тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба оид ба татбиқи амалии шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи истирдоди ҷинояткорон, дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, ки соли 2023 ба имзо расонида шуда буданд, баррасӣ гардиданд.
Баргузории нишасти матбуотӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 феврали соли 2024 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Ализода Зариф барои воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2023 баромад намуд.
Амали ғайриқонуни истифода бурдани маблағҳои қарзи бонки боиси маҳкум гардидани Ошурбеков Ҷ. гардид.
Ошурбеков Ҷомӣ Мамадаминович истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошим деҳаи Башор ҷамоати деҳоти Қозидеҳ бо мақсади тасарруфи маблағҳои ба тариқи кредит додашуда, 07 октябри соли 2015 дар асоси шартномаи сетарафаи №071015/0004-01 аз БДА ҶТ “Амонатбонк” аз ҳисоби маблағҳои гардиши Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳаҷми 400 000 (чорсад ҳазор) сомонӣ карзи имтиёзноки миёна муҳлат таҳти 12%-и солона ба муҳлати 2 сол, барои таъсис додани сехи коркарди меваи хушк ва нигоҳдории меваю сабзавот, гирифтааст.
Ошурбеков Ҷ.М. маблағҳои қарзии гирифтаашро барои таъсиси сехи коркарди меваи хушк ва нигоҳдории меваю сабзавот сарф накарда, ин маблағҳоро ғайримақсаднок ба манфиати шахсиаш истифода карда, бо ҳамин маблағҳои пулиро тасарруф намуда, то ин давра ба Муассиса ба маблағи 130307 сомонй пардохт намуда, боқимонда маблати 269 693 сомониро барнагардонида, бо ин кирдораш ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” зарари махсусан калони моддй расонидааст.
Оиди ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокурори ноҳияи Ишкошим санаи 22.09.2018 сол нисбати Ошурбеков Ҷомй Мамадаминович бо моддаи 246 қисми 3 банди “б” (барои ғайриқонуни истифода намудани маблағҳои карзи бонкӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба итмом расидани тафтишотӣ пешакй бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Ишкошим аз 05 декабри 2018 Ошурбеков Ҷомӣ Мамадаминович ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳруми бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр адои ҷазо таъйин карда шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ
Фотогузоришҳо