Хабарҳо

14.03.2024

Таҷлили иди касбӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 марти соли 2024 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура бахшида ба ҷашни 32-солагии таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистони соҳибстиқлол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод кормандон ва собиқадорони мақомотро бо ин ҷашн табрик намуда, доир ба таърихи таъсисёбии мақомоти прокуратура, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими мақомот дар даврони истиқлол, нақши мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа баромад намуд.

   Прокуратураи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мақолаи «Ҷомӣ: бемасъулиятиву фориғболӣ»-ро, ки дар рӯзномаи “Фараж” аз 17.06.2015 оид ба паст будани қувваи барқ дар ҳудуди ноҳия ба табъ расидааст, мавриди санҷиш қаpop дод...

   Дар натиҷа интихобан шиддатнокии қувваи барқи манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаи Коммунист (ҳозир Ваҳдат-1), ҷамоати деҳоти «50-солагии Тоҷикистон» бо асбоби махсус (волтметр) санҷида шуда, муайян гардидааст, ки шиддатнокии қувваи барқ ба ҳисоби миёна 220-230 волтро ташкил медиҳад ва танҳо дар фасли зимистон шиддатнокии қувваи барқ дар тамоми ҳудуди ноҳия кам мешудааст.
Санҷиш вобаста ба трансформатори дар паҳлуи биноҳои № 4 ва 6 кӯчаи Крупскаяи шаҳраки Ҷомӣ ҷойгир буда нишон додааст, ки трансфарматори мазкур дар чор пояи оҳанин насб шуда, дар ҳолати коршоямӣ қарор дошта, гирду атрофи он кушода ва дар атрофаш ягон чароғ барои нурафкании шабона ба симтурҳо насб нашудааст. Сабаби паст будани қувваи барқ дар он будааст, ки қаблан трансформатори мазкур аз корношоям будааст.
Бинобар ин, аз тарафи прокурори ноҳияи А.Ҷомӣ ҳамчун чораи таъсиррасонии прокурорӣ баҳри фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта унвонии сардори шабакаҳои барқи ноҳия амр дода шудааст. Айни замон трансфарматор аз таъмир бароварда шуда, ҳоло қувваи барқ аз рӯи меъёр 220 В-ро ташкил медиҳад.

Фотогузоришҳо

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара

Харитаи сомона