Маҷалла

Журнал

   Дар суди ноҳияи Рашт парвандаи ҷиноятӣ нисбати директори муассисаи  таҳсилоти умумии  асосии №68 ноҳияи  Рашт Толибов Я.А. бо моддаҳои 36 - 340  қ. 2  банди “б”, 257 қ. 2 банди  “а”, 245 қ. 2 бандҳои “а, б, г”, 319 қ. 4, бандҳои “а, в”, 247 қ.2, бандҳои “а, в, г” ва 323 Кодекси  ҷиноятӣ ва нисбати омӯзгори муассисаи мазкур Эшонова Н.Б. бо моддаҳои 340 қ.2, банди “б”, 36-323, 320 қ. 2 ва 245 қ. 2, банди “а,б” Кодекси  ҷиноятӣ  баррасӣ  гардид.

Подробнее...

   Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Назиров Н.С. бо моддаҳои 74 ва 104 бандҳои «в,г,д,з,м,н» (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардид.

Подробнее...

      Дар суди шаҳри Ҳисор парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷалилов Баҳодур Мухторович  бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси  ҷиноятӣ  баррасӣ  гардид.

      Номбурда барои он айбдор дониста шуд, ки ӯ бе иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фуруши он машғул шуда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт 17 сентябри соли 2017 дар нуқтаи фуруши  ашёҳои мактабӣ, ки дар бозори марказии “Самоҳ,”-и шаҳри Ҳисор воқеъ аст, маблағи 4000 доллари ИМА-ро ба маблағи умумии 35220 сомонӣ бо шаҳрванд А. нархгузорӣ намуда, аз номбурда маблағи 4000 доллари ИМА харида, бар ивази он  маблағи 35220  сомониро фурухта, бо ин кирдори худ амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро анҷом додааст...

Подробнее...

    Имрӯз, 1О январи соли 2018 дар Прокуратураи генералӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид, ки дар он муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣ, ёрдамчиёни калони Прокурори генералӣ оид ба супоришҳои махсус, прокуророн ва муфаттишони калон, прокуророни ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура, прокуророни ҳарбии гарнизонхо, прокуророни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва нақлиёти Хатлону Суғд ширкат варзиданд.

Подробнее...

  Имрӯз 15 декабри соли 2017 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъулини Прокуратураи генералӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. 

Подробнее...