Маҷалла

Журнал

Материалы

Мулоқот бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз

 11.12.2017 12:39, Урдун

 Имрӯз дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нақши парлумонҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ арзишманд арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ва дигар кишварҳои олами араб аҳамияти зарурӣ дода мешавад ва муносибатҳои гуногунҷанба бо ин давлатҳо самти муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибҳо ба густариши равобити байнипарлумонӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, муҳимияти рушду тавсеаи ин муносибатҳоро барои омодасозии заминаи ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷабҳа, аз ҷумла дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъкид доштанд.

Ҳарду ҷониб ба таъмини субот, амният ва ҳамкории созандаи минтақавӣ, инчунин ҳалли ҳарчӣ зудтари қазияи кишварҳои мусулмонӣ мароқ зоҳир карда, барои муборизаи муштарак бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ин таъкид бар он доштанд, ки Мо бояд бо иродаи муштарак кишварҳои худ ва ҷаҳони исломро аз хатари онҳо эмин дорем ва роҳ надиҳем, ки номи поки дини ислом доғдор гардад.

Дар мулоқот ҳамчунин ҷиҳати таъсиси ниҳодҳои дахлдори таъминкунандаи равобити густурда ва судманди байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун таклифу пешниҳодҳои муфид ба миён гузошта шуд.