Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураиҶумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 2-и нақшаи корӣбарои нимсолаи якуми соли 2022 машғулиятҳои таълимиро вобаста ба омӯзиши Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва тарзу усулҳои баамалбарории назорати прокурорӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” амалӣ намуд.

     Машғулиятҳо бо давомнокии ду рӯз, дар се минтақа охирҳои моҳи январ ва аввалҳои моҳи феврали соли равон бо иштироки 78 нафар ёрдамчиёни прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон доир гардида, диққати асоси ба риояи қатъии талаботи кодекс ва қонуни зикршуда, инчунин мутобиқгардонии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мақомоти ваколатдор ба онҳо дода шуд.

     Ҷиҳати баланд бардоштани завқи донишандӯзии шунавандагон аз омилҳои ҳавасмандгаронӣ истифода гардида, шаш нафар шунаванадагони беҳтарин барои фаъолнокӣбо туҳфаҳои хотиравии Прокурори генералӣ сарфароз гардиданд.

 

     Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураиҶумҳурии Тоҷикистои бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Дафтари минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ (OHCHR) оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Дафтари барономавии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Филилали Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико (ABA ROLI), Ассотсиатсияи швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналмилалии “Ҳелветас Свисе Интеркооперейшн”, инчунин ташкилоти ҷамъиятии“Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, пайваста ҷиҳати иҷрои ухдадориҳои байналмилаии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон машғулиятҳо баргузор менамояд.

   Ҳамзамон, ба раванди таълим муаллимони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллим Тоҷикистон, Академиям миллим илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллимони Академиям ВКД Ҷумҳарии Тоҷикистон, Мактабҳои Олии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ботаҷриба ва варзидаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурип Тоҷикистон, мутахассисони баландихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони шуъбаи амнияти иттилоотип ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони шуъбаи экспертизаи судӣ техникӣ-компютерӣ ва овозшиносии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистииВазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, ки дар баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии шунавандагон саҳмгузор мебошанд.

  Инчунин, бо мақсади табодули таҷрибаи корӣ мутахассисон ва мураббиёни байналмиллалӣ ва маҳаллӣ низ тибқи тартиби муқарраргардида, барои гузаронидани машғулиятҳо ҷалб карда мешаванд.

 

 

Материал находится в разработке

    Донишкадаи номбурда заминаи моддӣ-техникӣ ва таълимии заруриро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳо доро мебошад.

  Айни ҳол Донишкада дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Н.Қарабоев-1 бо масоҳати умумии 539,2 метри мураббаъ, иборат аз толори маҷлисгоҳ, ду синфхонаи омӯзиши муҷаҳҳаз бо технологияи муосири таълим, 19 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори китобхонӣ, синфхонаи компютерӣ, утоқи криминалистика, ошхона бо таҳҷизотҳои зарурӣ, ду толори қаҳванӯшӣ, меҳмонхона барои қабули шунавандагон ва гурӯҳи илмӣ-тадкиқотӣ, мизу курсиҳои корӣ, техникаву таҳҷизотҳои гуногуни иттилоотӣ коммуникатсионӣ, компютерӣва криминалистӣ(проектор, ҷомадони тафтишотӣ, дастгоҳи сабти видео ва расмгирӣ) ва дигар воситаҳои муосири таълимӣ ҷойгир шудааст.

  Ҳуҷраҳои кории муаллимони Донишкада бо мизу курсӣ, маводҳои дарсӣва инчунин, компютерҳои замонавии ҳамарӯза ба шабакаи интернетӣпайваст таъмин мебошанд.

  Ҳамзамон, Донишкада дорои махзани электронии барномаҳои таълимӣ ва мавзӯъҳои вобаста ба иҷрои онҳо мебошад.

  Дар Донишкада бо мақсади таъмини шунавандагони аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ба курсҳои такмили ихтисос фарогирифташаванда, меҳмонхонаю ошхона муҷаҳаз бо лавозимоти зарурӣ ва ҳамчунин утоқи ёрии аввалияи тиббии бо маводи доруворӣ таъмин мавриди истифода қарор доранд.

  Китобхонаи Донишкада 6000 адад адабиётҳои таълимиро дар бар гирифта, бо мизу курсиҳо таъмин мебошад, ки дар он шунавандагон аз соати 9 то соати 16 метавонанд бе мамониат ба хониш машғул шаванд.

  Тибқи нақшаи дурнамо оид ба такмили заминаҳои моддию техникӣайни ҳол сохтмони бинои нави Донишкада иборат аз 5 ошёна дар суроғаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковскиӣидома дорад.

 

 

Материал находится в разработке