Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорад. Истиқлолият ин падидаи давлатдорие мебошад, ки дар фазои он инсон озодана умр ба сар бурда, бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳуқуқи ширкат варзиданро дорад. 


  Зиндагиродар ҳар давлат бидуни Истиқлолияттасаввур кардан имконнопазир аст.Зиндагӣ ин худ озодии инсону истиқлоли уст. Ҳамин тавр, озодӣ ва Истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишони барҷастаи  симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешраф, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошад. Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи  шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвар имрӯз ифтихор доранд, ки бисту шаш сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии  мо  маҳсуб мешуд. Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби  ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии ҶТ ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории  муосири  миллӣ  мебошад, ки моҳиятан  шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Миллати азиятдидаи  тоҷик барои таҳкими истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакатро қабул кард. Агар гӯем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия,  яъне  соли 1994барои  ҶТ  марҳилаи  нави  инкишоффаро расид, хато нахоҳем кард.Зеро барои расидан ба сулҳи кулл ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо конститутсияи ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд. Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати  қонуниро  дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарӯзӣ мебурд. Кафолати зиндагии осуда ва хуррамуозодро барои халқ  ин ҳуҷҷати муҳим таъмин  менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати софдилонаюбунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона,  донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтандар пешрафти мамлакат барои ҳаршаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия бошад,Президенти ҶТ мебошад.Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои натанҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо  мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди  қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву  маънавӣ  гардидааст. Дар анҷом ҳаминро мехоҳам таъкид намоям, ки дар баробари соҳиб гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ вазифаи ҳар яки мо васеъ гардида, ба мо муяссар шуд, ки кишвари азизамон ба  сӯи ҷомеаи  демокративу  дунявӣ қадамҳои устувор гузорад. Ҳоло, ки ҶТ ҳамчун кишвари озод  эътироф шудааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, фарзандони як модар амал  намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм бигузорему бо исми миллати худ ифтихор намоем. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик  хушбахтист  ва  танҳо  бо роҳи ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем  истиқлолияти худро ҳифз намоем ва ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ  муяссар  мегардад.  Аз  ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин падидаи нодири таърихӣ расем зеро Истиқлолият  барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меоварад. Поянда бод Истиқлолияти давлатии тоҷикон!

 

 

Шарифзода Диёр СОҲИБНАЗАР

прокурори шуъбаи

таъминоти ҳуқуқӣ,

мониторинги қонунгузорӣ

ва маркази матбуоти

Прокуратураи генералии ҶТ,

мушовири адлияи дараҷаи 3