28.09.2017


  Калидвожаҳо: истиқлолияти давлатӣ; қонунгузорӣ; дахлнопазирии шахсият; озодии ҷинсӣ; дахлнопазирии ҷинсӣ; таҷовуз ба номус; ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ.

          Ключевые слова: государственная независимость; законодательство; неприкосновенность личности; половая свобода; половая неприкосновенность; изнасилование; насильственные действия сексуального характера.

          Keywords: state  independence; legislation; inviolability of the person; sexsual  freedom;  sexsual  integrity; rape; sexual violence.

 

ИстиқлолиятидавлатииҶумҳурииТоҷикистон, кипасазҳазорсолнасибимардумитоҷикгардид, бароирушдутакомулиҳамаиҷанбаҳоиҳаётикишваримкониятҳоифаровонмуҳайёнамуд.  

          Асосгузорисулҳуваҳдатимиллӣ, Пешвоимиллат, ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарамЭмомалӣРаҳмонбаИстиқлолиятидавлатииТоҷикистонбаҳоитаърихӣдода, изҳорнамудаанд, киИстиқлолиятваозодӣарзишинахустинвабисёразизумуқаддасдарҳаётиҳарякшахсиогоҳубонангуномусвашартимуҳимтаринизиндагиишоистаиҳарякфардиВатанмебошад.

          Пешвоимиллаттаъкиднамуданд, кимаҳзИстиқлолиятбамоимкониятитаърихиефароҳамовард, киВатанихудросоҳибӣкунем, давлатдориимиллиихудробарпонамоем, суннатуарзишҳоимиллиамонроэҳёсозем, ормонҳоидеринаихалқамонроамалӣгардонемвазиндагииозодонаимардумамонробароҳмонем[1].

          Якеазсамтҳоиҳаётикишвар, кидардавронисоҳибистиқлолиикишвар рушднамуд, инфаъолиятиҳуқуқэҷодкунӣмебошад. Дариндаврабаробаридигарсоҳаҳоиҳуқуқҳуқуқиҷиноятӣвақонунгузорииҷиноятӣ, чуншаклиифодаион, азҷумладарсамтипешбинӣнамуданиҷавобгарииҷиноятӣбароиҷиноятҳобамуқобилиозодииҷинсӣвадахлнопазирииҷинсӣтакомулибештарепайдонамуданд.

          КонститутсияиҶумҳурииТоҷикистон, киякеазсамараҳоибеназиридавронисоҳибистиқлолиикишварбуда, орзуҳоиҳазорсолаиистиқлолхоҳиимардумитоҷикроамалӣнамудааст, дарқисмидуюмимоддаи18 дахлнопазириишахсрокафолатдодааст[2].Дахлнопазириишахсроинчунинмоддаи3-иЭъломияиумумииҳуқуқибашар[3]вадигарсанадҳоибайналмилалииҳуқуқӣпешбинӣкардаанд.  

          Чунонкимаълумаст, ҷузъитаркибиидахлнопазириишахсиятродахлнопазирииҷинсӣташкилдодааст.

          ТашаккулварушдиқонунгузориимиллииҶумҳурииТоҷикистондардавронисоҳибистиқлолиикишвардарсамтимуқаррарнамуданиҷавобгарииҷиноятӣбароисодирнамуданиҷиноятҳобамуқобилиозодииҷинсӣвадахлнопазирииҷинсӣазравандҳоиомўзишиамалияиқонунгузориидавронишўравӣдаринсамт, азхудкарданитаҷрибаимуфидиондаврон, истифодаисанадҳоимарбутаиқабулнамудаиАссамблеяибайнипарлумониидавлатҳоиузвиИДМ, азҷумлаКодексиамсилавииҷиноятӣаз17 февралисоли1996 [4], қабулиКодексимиллииҷиноятӣвавориднамуданитаѓйируиловаҳоидахлдорбаониборатаст.

          ҲарчандҶумҳурииТоҷикистонҳанўз9 сентябрисоли1991 соҳибиИстиқлолиятидавлатӣгардид, валемавҷудбуданизаруратиқабулитеъдодизиёдисанадҳоиқонунгузориимиллӣ, кибонабуданизаминаиконститутсионӣмураккабтармегардид, мақомотиқонунгузорикишварробаонводорнамуд, кимуваққатанамалиқонунҳовадигарсанадҳоимеъёрииҳуқуқиро, кито  замониИстиқлолиятимамлакатқабулгардидабуданд, иҷозатдиҳад.

          Азҷумла, дармоддаи8 ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон"ДарбораиислоҳотиконститутсионӣдарҶумҳурииТоҷикистон, тартибиқабулнамуданвамавридиамалқарордоданиКонститутсияи(Сарқонуни) ҶумҳурииТоҷикистон", ки20.06.1994 сол, дарарафаитаҳиявақабулиКонститутсияиҶумҳурииТоҷикистонқабулгардид, муқарраршудабуд, киқонунҳоипештарқабулкардашудаиҶумҳурииТоҷикистонвадигарсанадҳоиҳуқуқиимақомотиҳокимиятваидораидавлатииҶумҳурииТоҷикистондарҷузъе, кибаКонститутсияи(Сарқонуни) ҶумҳурииТоҷикистонихтилофнадорад, амалихудроҳифзмекунанд[5].  

          ТашаккулварушдиқонунгузорииҷиноятииҶумҳурииТоҷикистонромарбутбаҷиноятҳобамуқобилиозодииҷинсӣвадахлнопазирииҷинсӣдардавронисоҳибистиқлолиикишварбадудавраиасосӣҷудонамуданмумкинаст:

          Давраи якум.Аз 9-уми сентябри соли 1991 то 1-уми сентябри соли 1998. Давраи мазкур аз замони қабули Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21.05.1998 қабул гардида буд, идома ёфт.

          Давраи дуюм. Аз 1 сентябри соли 1998 то имрўз. Ин давра аз мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави ҷиноятӣ то имрўз идома ёфта истодааст.

          Дар назар аст, ки соли ҷорӣ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда хоҳад шуд. Дар ин сурат Кодекси нави ҷиноятӣ ба давраи дуюми рушди қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти муқаррар кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ хотима ва ба давраи сеюми инкишофи қонунгузории ҷиноятӣ дар ин самт ҳусни оѓоз хоҳад бахшид.

          Давраи якуми рушди қонунгузории зикршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таѓйиротҳои назаррас сабти ном нашудааст. Дар ин давра, ки қариб ҳафт солро дарбар мегирад, Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон, ки 17 августи соли 1961 қабул гардида буд [6], амал намуд.

          Дар Кодекси мазкур мафҳуми имрўзаи ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҷой надоранд. Ҳамаи ҷиноятҳои категорияи мазкур бо моддаҳои 121 (таҷовуз ба номус), 122 (занро маҷбур намудан ба алоқаи ҷинсӣ), 123 (алоқаи ҷинсӣ бо шахси ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида), 124 (ҳаракатҳои бадахлоқона) ва 125 (бачабозӣ, қисми якум-бачабозии ихтиёрона ва қисми дуюм -бачабозии зўроварона) дар боби ҷиноятҳои муқобили ҳаёт, тандурустӣ, озодӣ ва қадру қимати шахс (боби сеюм) ифода карда шудаанд [7].

          Қобили зикр аст, ки дар тамоми давраи амали Кодекси ҷиноятии соли 1961 дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, яъне солҳои 1991-1998 ба моддаҳои 121-125-и Кодекс ягон таѓйиру иловаҳо ворид карда нашудаанд. Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки дар робита бо таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ва таѓйир ёфтани муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бачабозии ихтиёрона дар давраи зикршуда заминаҳои воқеии декриминализатсияи бачабозии ихтиёрона ташаккул ёфтанд. Гуфтан кофист, ки дар солҳои 1992-1996 дар маҷмўъ 11 ҷинояти бачабозии ихтиёрона ба қайд гирифта шуда буд. Соли 1997 ва давраи то 1-уми сентябри соли 1998 бошад ягон ҷинояти бачабозии ихтиёрона, ки дар он маъмулан ҳам шарики фаъол ва ҳам ѓайрифаъол ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, ба қайд гирифта нашуданд. Ҳол он ки дар ин давра 70 ҷинояти бачабозии зўроварона ба қайд гирифта шуда буд [8].

          Оѓози давраи дуюми ташаккул ва инкишофи қонунгузории ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ба 1-уми сентябри соли 1998 рост омад. Дар ин сана Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КҶ ҶТ), ки ҳанўз 21-уми майи соли 1998 қабул гардида буд, мавриди амал қарор гирифт. КҶ ҶТ ҷиноятҳои зикршударо дар боби алоҳида таҳти унвони "Ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ" (Боби 18) муттаҳид намуд.

          КҶ ҶТ соли 1998 бачабозии ихтиёронаро декриминализатсия ва мусоҳиқа, ё худ ҷимои зан бо занро чун ҷиноят эътироф (криминализатсия) намуд. Инчунин ба Кодекс ҷинояти нав таҳти унвони "Ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" ворид карда шуд. Дар ҷиноятҳои ҷинсӣ як қатор ҳолатҳои нави бандубасткунанда пешбинӣ карда шуданд, ки онҳо дар Кодекси ҷиноятии соли 1961 набуданд.   

          Яке аз заминаҳои ҳуқуқии асосии КҶ ҶТ соли 1998 Кодекси амсилавии ҷиноятӣ буд, ки  аз 17 феврали соли 1996 аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ қабул гардида, барои давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти тавсиявӣ дошт. Дар таҳия ва қабули Кодекси амсилавии мазкур намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла профессор Тақдиршоҳ Шарипов иштироки фаъол намуданд. Дар боби 20-уми Кодекси амсилавӣ ҷиноятҳо ба муқобили дахлнопазирии ҷинсӣ ё озодии ҷинсӣ бо тартиби зерин зикр гардидаанд: таҷовуз ба номус (моддаи 145), ҳаракатҳои зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ (моддаи 146), маҷбур намудан ба ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ (моддаи 147), содир намудани ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахси ба синни чордаҳсолагӣ нарасида (моддаи 148) ва ҳаракатҳои бадахлоқона (моддаи 149). Чунон ки аз зикри ҷиноятҳои мазкур бармеояд, Кодекси амсилавӣ синни фаро расидани озодии ҷинсиро то чордаҳсолагӣ паст фаровардааст.      

          Дар давраи амали КҶ ҶТ соли 1998 ба он то имрўз таѓйиротҳои зайл ворид карда шуданд:

          1). Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 17 майи соли 2004 [9]. Таѓйиротҳои мазкур ҷиҳати ворид намудани ислоҳоти имлоӣ ба матни Кодекс ва пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноятиро барои таҷовуз ба номус (моддаи 138) ва ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ (моддаи 139) равона шуда буд. Сабаби пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ин ҷиноятҳои зўроваронаи ҷинсӣ афзоиши бемайлони онҳо буд. Чунончӣ, агар дар соли 1999 дар ҳудуди кишвар 60 ҷинояти таҷовуз ба номус ба қайд гирифта шуда бошад, дар соли 2003 шумораи он ба 96 ҷиноят расид. Пас аз пурзўр гардидани ҷавобгарии ҷиноятӣ содиршавии  он тадриҷан кам шуда, дар соли 2015 то 41 ҷиноят расид. Ҷинояти ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ (моддаи 139) бошад, аз 17  (1999) то 47 (2003) афзоиш ёфта, андешидаи маҷмўи чорабиниҳои пешгирикунанда, аз ҷумла пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноятиро тақозо менамуд. Бо андешидани чорҳои зарурӣ шумораи онҳо дар соли 2015 то 36 ҷиноят кам карда шуд [10].     

          2). Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 15 июли соли 2004. Мутобиқи ин таѓйирот, бо сабабҳои дар боло зикршуда  ҳадди ниҳоии ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани ҷинояти таҷовуз ба номус аз 20 то 25 сол баланд бардошта шуд [11].     

          3). Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 1 марти  соли 2005. Мутобиқи ин таѓйиротҳо, бинобар он ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боздоштани ҷазои қатл" аз 15 июли соли 2004 татбиқи ҷазои қатл боздошта шуда буд [12], ба моддаи 138 КҶ ҶТ таѓйирот ворид карда шуда, дар санксияи қисми сеюми модда  алтернативаи ҷазои қатл-ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ карда шуд [13].

           4). Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 15 марти соли 2016. Қабули ин қонун ба афзоиши ҳолатҳои содир гардидани амалҳои гуногуни шаҳвонӣ аз ҷониби намояндагони дин бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ асос ёфта, бо ин Қонун ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи нав, таҳти рақами 1421 (Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ) ворид карда шуд [14].

          Мувофиқи маълумотҳои  Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар 7 моҳи соли 2016 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1 ҷиноят бо моддаи 142 иловаи 1 КҶ ҶТ ба қайд гирифта шудааст [15].   

          Айни ҳол дар таҳрири амалкунандаи КҶ ҶТ ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ инҳоянд: моддаи 138 (таҷовуз ба номус), моддаи 139 (ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ); моддаи 140 (Маҷбур намудан  ба  ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ); моддаи 141 (алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст); моддаи 142 (Ҳаракати бадахлоқона); моддаи 1421 (Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ) [16].    

          Қобили зикр аст, ки дар заминаи меъёрҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 4 аз 25-уми июни соли 2004 «Дар бораи таҷрибаи судӣ доир ба парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ё дахлнопазирии ҷинсӣ», чун тавзеҳоти роҳбарикунанда қабул гардида, мавриди амал қарор дорад  [17].  

          Таҳлили қонунгузории амалкунанда ва таҷрибаи тафтишотӣ-судии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нишон дод, ки ҳанўз қонунгузории ҷиноятӣ дар ин самт ба такмил эҳтиёҷ дорад.

 

 

Чунончӣ:

          1). Номувофиқатии ҷазои байни моддаҳои 138 ва 139 КҶ ҶТ.

          Тибқи КҶ ҶТ барои таҷовуз ба номус қисми 1-и моддаи 138 (таркиби оддӣ) ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба мўҳлати аз 3 то 7 сол пешбинӣ намудааст. Барои таркиби одии ҷинояти ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ (қисми 1-и моддаи 139) бошад, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз 5 то 7 сол пешбинӣ гардидааст. 

          Номувофиқатии дигар. Барои таҷовуз ба номуси духтари баръало ноболиѓ (қисми 2 м.138) ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз 7 то 12 сол, вале барои содир намудани ҷинояти ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати ҷабрдидаи баръало ноболиѓ (қ.2 м.139) аз 7 то 10 сол муқаррар шудааст. Барои таҷовуз ба номуси хеши наздик (қ.3 б. «а» м.138) аз 12 то 25 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, ё ҷазои қатл, ё якумра маҳрум кардан аз озодӣ, барои содир кардани ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати хеши наздик (м.139 қ.3 б. «б») аз 10 то 15 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда мешавад.

          Ё  худ. Барои таҷовуз ба номуси духтари ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ҷазои сахттарин якумра маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои қатл (моддаи 138 қисми 3 банди «а»), барои ҳаракатҳои зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати духтари ҳамин синну сол (масалан, алоқаи ҷинсӣ бо ў тавассути  мақъад) ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба мўҳлати аз 15 то 20 сол (моддаи 139 қисми 4 банди «а») муқаррар шудааст.

          Чунон ки маълум аст, ин ду ҷиноят аз рўи таркиб хеле ба ҳамдигар наздиканд ва хавфи ҷамъиятии яке аз дигаре камтар нест. Аз ҷиҳати хавфи ҷамъиятӣ ба ҳамдигар баробар будани ин ду ҷиноят боз аз он бармеояд, ки дар мавриди содир кардани яке аз ин ҷиноятҳо, масалан таҷовуз ба номус, агар шахс қаблан ҷинояти дигар, масалан ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвониро содир намуда бошад, он чун содир намудани ҷиноят дар ҳолати такрорӣ баҳо дода мешавад (банди "а" қисми 2 моддаи 138 ва банди "а" қисми 2 моддаи 139 КҶ ҶТ). Вале, қонунгузор дар як маврид ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвониро ва дар мавридҳои дигар таҷовуз ба номусро ба ҷамъият хавфноктар ҳисобидааст.

          Аз ин рў, бояд ба санксияи ин моддаҳо таѓйиру иловаҳо ворид карда, онҳо мувофиқ кунонида шаванд. 

          2). Дар моддаи 139 КҶ  набудани аломати бандубасткунанда-содир намудани ҷиноят бо истифодаи силоҳ ё таҳдиди истифодаи он ё предмете, ки ба сифати силоҳ хизмат мекунад. Ин ҳолати бандубасткунанда дар банди "д" қисми 3 моддаи 138 КҶ ҶТ мавҷуд мебошад [18].Набудани чунин ҳолати бандубасткунанда дар таҷрибаи тафтишотӣ-судӣ вобаста ба бандубасти кирдор мушкилот эҷод карда, боиси татбиқи ҷазои сабуктар гардидааст. Дар амалияи тафтишотӣ-судӣ ҳолатҳое ошкор карда шудаанд, ки аз тарафи хизматчии ҳарбӣ нисбати хизматчии ҳарбии дигари нав ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда зери таҳдиди истифодаи силоҳ амали бачабозии зўроварона содир шудааст. Аммо ба сабаби набудани аломати бандубасткунанда ҳаракати айбдоршаванда чун таркиби одии моддаи 139 КҶ бандубаст карда шудааст.

          3). Масъалаи криминализатсияи алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ (моддаи 142 бо иловаи 1).  Имрўз дар байни олимон ва кормандони амалӣ вобаста ба зарурати қабули моддаи мазкури КҶ ҶТ баҳсҳои доманадор мавҷуданд. Зеро ин модда фиребро, ки бо мақсади содир намудани алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати шахси ба балоѓати ҷинсӣ расида истифода мешавад, криминализатсия намудааст ва он хилофи таълимоти ҳуқуқи ҷиноятӣ вобаста ба ин категорияи ҷиноятҳо мебошад. 

          Қисми дуюми ин модда барои содир намудани ҳамин кирдор  нисбат ба шахси ноболиѓ ҷавобгарии сахттар пешбинӣ намудааст. Фикр мекунам, зарурати мавҷудияти ин муқаррарот низ нест, зеро он  қисман (барои ҷабрдидаи то 16-сола) бо моддаҳои 141 (алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) ва 142 (ҳаракати бадахлоқона) КҶ фаро гирифта мешавад. Ҳамзамон, муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ин кирдор нисбати шахси ноболиѓ - ин ба тариқи сунъӣ то ба 18-солагӣ баланд бардоштани синни дахлнопазирии ҷинсӣ мебошад [19].    

          Ҳамчунин, дар ин модда байни бачабозӣ, ҷимои зан бо зан (лесбиянство) ва дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ фарқ гузошта нашудааст ва он бо истилоҳи умумии "дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта" фаро гирифта шудааст. Ҳол он ки дар моддаҳои 139-141 КҶ ҶТ бачабозӣ ва ҷимои зан бо зан (лесбиянство) зикр карда шуда, дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ ҳамаи дигар амалҳои шаҳвониро, ки нишонаҳои алоқаи ҷинсӣ, бачабозӣ ва ҷимои зан бо зан (лесбиянство)-ро надоранд, фаро мегирад.

          Ҳамзамон, бо раванди таълими динӣ фаро гирифта шудани шаҳрвандон, ё худ аз ҳиссиёт ва боварии динӣ ба намояндагони дин муроҷиат карданашон онҳоро таҳти "дигар шакли вобастагӣ" қарор медиҳад. Аз ин рў, мумкин аст, ки кирдори намояндагони дин чун маҷбур намудан  ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо моддаи 140 КҶ ҶТ бандубаст карда шавад ва зарурати чун субъекти махсус пешбинӣ намудани намояндагони дин мавҷуд набуд. 

          Аз ин рў, фикр мекунам хориҷ намудани моддаи 142 бо иловаи 1  мувофиқи мақсад  мебошад.

    4). Масъалаи бандубасти ҷиноятҳои ҷинсӣ, ки аз тарафи хеши наздик содир шудааст.  Кодекси ҷиноятӣ (банди "а" қисми 3 моддаи 138; банди "б" қисми 2 моддаи 139) барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҷавобгарии сахттар пешбинӣ кардааст. Мутобиқи моддаи 6 Кодекси мурофиавии ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистонхешовандони наздик-ин падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва хоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар мебошанд [20].

    Аммо, имрўз дар таҷрибаи тафтишотӣ чандин ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки ҷиноятҳои зўроваронаи ҷинсӣ аз тарафи шахсоне содир карда мешаванд, ки бо модари кўдак ҳамзистӣ доранд, ё дар никоҳи гражданӣ қарор дошта, ҷабрдидаи хурдсол ё ноболиѓ нисбати онҳо мақоми фарзандхондашударо надорад. Дар ин мавридҳо, ҳарчанд кўдак дар тарбияи айбдоршаванда қарор дошта бошад ҳам, бо сабаби набудани никоҳи расмии байни шахси содирнамудаи ҷиноят ва модари кўдак, инчунин расман фарзандхонӣ накардани кўдак аз тарафи айбдоршаванда ўро нисбати кўдак хеши наздик ҳисобидан мумкин нест.  

    Аз ин лиҳоз, бояд ба моддаҳои 138 ва 139 КҶ ҶТ таѓйирот ворид карда шуда,  банди "а" қисми 3 моддаи 138 ва банди "б" қисми 2 моддаи 139 дар шакли зайл ифода карда шавад:

- "ҳамин ҳаракат, агар аз тарафи хеши наздик, ё шахсе, ки ноболиѓ дар тарбияи ў қарор дорад, содир шуда бошад".  

          5). Масъалаи истилоҳоте, ки оид ба ҷиноятҳои таҳлилшаванда дар КҶ ҶТ истифода шудаанд. Номи моддаи 139 КҶ ҶТ «Ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ» ном дорад, аммо, чунон ки маълум аст, ҷиноят на аз як ҳаракат, балки аз маҷмўи ҳаракатҳои ѓайриқонунӣ иборат буда, тарафи объективии ҷинояти таҳлилшавандаро маҳз ҳаракатҳо ташкил медиҳанд. Ҳангоми омўзиши матни русии Кодекси мазкур маълум шуд, ки дар матни русӣ он дар шакли дуруст, яъне «Насильственные действия сексуального характера» омадааст [21].  Аз ин ру, дуруст мебуд, агар дар номи моддаи 139 ва матни қисми 1-и ҳамин модда калимаи «ҳаракат» дар шакли ҷамъ баён карда шавад.

          Таклифи дигар ба истилоҳи ҷимои зан бо зан, ё худ «лесбиянство» мансуб аст. Худи калимаи «ҷимоъ» арабӣ буда, тибқи Фарҳанги забони тоҷикӣ [22]"муоширати марду зан" мебошад. Ин ҷо, албатта, муоширати ҷинсӣ дар назар дошта шудааст.

          Ҳомидҷон Зоҳидов ҷимоъро алоқаи ҷинсӣ ва муродифҳои онро «мубошарат» ва «муҷомиат» меномад [23].Устод Садриддин Айнӣ бошад, мубошаратро дар маънии дуввум «хуфтухоби заношўӣ» номидааст [24].

          Аз ин бармеояд, ки дар ҳама маънӣ калимаи «ҷимоъ» алоқаи ҷинсии байни мард ва зан мебошад, аз ин рў дар моддаи 139, чун ифодакунандаи маънии калимаи «лесбиянство», ки  робитаи шаҳвонии зан бо занро дар назар дорад, истифода намудани калимаҳои «ҷимои зан бо зан» нодуруст буда, агар ба ҷои он калимаҳои «робитаи шаҳвонии зан бо зан» истифода бурда шавад, дурусттар аст. Зеро робита, тибқи Луѓати Устод Айнӣ «пайванддиҳандаи чизе ба чизе аст» ва муродифҳоии ин вожа калимаҳои «муносибат» ва «алоқа» номбар гардидаанд. Дар ҷинояти робитаи шаҳвонии зан бо зан (лесбиянство) маҳз ламси тани зан аз тарафи зани дигар, ба ҳам ҷафс шудани бадани онҳо ба вуқўъ меояд ва калимаҳои зикршуда моҳияти онро пурра ифода карда метавонанд.      Муродифи дигари робитаи шаҳвонии зан бо зан мусоҳақа мебошад, ки он бо тавзеҳоти зерин дар моддаи 127 Қонуни муҷозоти исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон истифода гардидааст: Мусоҳақа ҳамҷинсбозии занон аст бо андоми таносулӣ  [25]. Ҳамзамон дар матни тоҷикӣ дар қавс овардани тарҷимаи русии он-«лесбиянство» низ мувофиқи мақсад  нест ва беҳтар аст агар он аз матн бардошта шавад.  

Қисми 1-уми моддаи 139-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои «бачабозӣ, ҷимои зан бо зан ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта, ки бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати ҷабрдида ё дигар шахсони ба ў наздик ё истифодаи вазъияти оҷизонаи ҷабрдида анҷом дода шудааст», пешбинӣ кардааст. Дар матни мазкур калимаи «дошта» зиёдатӣ омадааст ва дуруст мебуд агар он дар шакли «дорои хусусияти шаҳвонӣ», бе калимаи «дошта» ояд, зеро худи калимаи «дорои» хусусияти шаҳвонӣ доштани ин ҳаракатҳоро ифода мекунад. 

          6). Паҳншавии аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ, ё худ СПИД) дар ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки мубориза дар ин самт пурзўр карда шавад. Аз оѓози бақайдгирии ин беморӣ, яъне аз соли 1991 то 1-уми январи соли 2016 дар ҷумҳурӣ 7640 нафар гирифторони бемории АНМБ (СПИД) ба қайд гирифта шудаанд. Аз инҳо, 3480 нафар, ё 45,5 %-ашон дар натиҷаи алоқаи ҷинсӣ сироят шудаанд. Аз шумораи умумии сироятёфтагон 1520 нафарашон ба ҳалокат расидаанд [26].  Ин рақамҳо ба пуррагӣ воқеиятро ифода карда наметавонанд ва дар асл, шумораи ин беморони ба фано маҳкумшуда аз ин ҳам бештар аст.  

          Маҳз, марговар ва табобатнашаванда будани ин беморӣ қонунгузорро водор намудааст, ки дар моддаи 125-и Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятиро барои сироят кардан бо инфексияи ВИЧ ва дар моддаи 129 қисми 2-и ҳамин Кодекс барои аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси мубталои сирояти инфексияи ВИЧ гардидани бемор шуда бошад, пешбинӣ кунад. Барои содир намудани ин ҷиноятҳо мувофиқан то 10 сол (м.125) ва 5 сол (м.129) ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст [27].

          Аммо, агар дар натиҷаи содир намудани ҷинояти таҷовуз ба номус, ҳаракатҳои зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, ё дигар ҷиноятҳои ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҷабрдида мубталои инфексияи вируси норасоии масунияти бадани инсон (ВИЧ) шавад, гунаҳкор аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. 

          Омўзиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар солҳои 2007-2016 дар ҳудуди ҷумҳурӣ бо моддаи 139-и КҶ ҶТ оѓоз ва тафтиш гардидаанд, нишон дод, ки бо аксари  онҳо барои муқаррар кардани эҳтимолияти бо инфексияи ВИЧ сироят намудани ҷабрдида, бо роҳи таъйин намудани экспертиза, чораҷўӣ карда нашудааст. Ҳол он ки инфексияи ВИЧ дар сурати гирифтор шудан ба он худро зуд ошкор наменамояд ва шояд солҳо лозим шавад, то бемор аз рўи нишонаҳои зоҳирӣ гирифтори ин бемории марговар будани худро фаҳмад ва дар давраҳои аввал гирифтори ин беморӣ будани шахсро танҳо экспертиза муайян мекунад.

          Аз ин рў, таклиф менамоем, ки дар қисми 3-и моддаи 138 ва қисми 4-и моддаи 139-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун бандҳои алоҳида, содир намудани чиноятҳои таҷовуз ба номус ва ҳаракатҳои зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси сироят намудани ҷабрдида бо инфексияи вируси норасоии масунияти бадани инсон (ВИЧ) аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист, гардидааст, пешбинӣ карда шавад.

          Ҳамзамон, имрўз дар ҷомеа ҳолатҳои бачабозии ихтиёрона рушд намудааст, ки хилофи урфу одатҳои миллӣ ва муқаррароти динии мардуми тоҷик аст. Аз ин рў, қонунгузорро бори дигар мебояд, то вобаста ба криминализатсияи бачабозии ихтиёрона андеша намояд.

          Инчунин, айни ҳол зарурати хориҷ намудани банди "а" қисми 2 моддаи 142 КҶ ҶТ (ҳаракати бадахлоқона бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он) мавҷуд аст, зеро ин амалҳо маъмулан бо моддаи 139 КҶ  ҶТ (ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) таркиби ягона доранд. 

    Ҳамин тариқ, такмили қонунгузории ҷиноятӣ, аз ҷумла марбут ба ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ барои бандубасти дурусти ҷиноятҳо, ноил гардидан ба мақсади ҷазо ва дар маҷмўъ баҳри таъмини бештари волоияти қонун ва таҳкими қонуният мусоидат хоҳад кард.

 

Рўйхати адабиёт:

1.Паёми телевизионии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба муносибати солгарди 24-уми Истиқлолияти давлатӣ. Шакли электронӣ. Ниг. http://www.president.tj/node/9853.

2.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 (бо таѓйиру иловаҳо аз 22 майи соли 2016). Шакли  электронӣ. Ниг. Сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. http://mmk.tj/legislation/base/constitution/.

3.Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10.12.1948. Шаклиэлектронӣ. Ниг.http://www.un.org/ru/ documents/decl_conv/declarations/declhr.shtml.

4.КодексиамсилавииҷиноятиидавлатҳоиузвиИДМаз17 февралисоли1996 (ботаѓйируиловаҳоаз16.11.2006 сол). Шаклиэлектронӣ. Ниг. http://docs.cntd.ru/document/901781490

5.ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон"ДарбораиислоҳотиконститутсионӣдарҶумҳурииТоҷикистон, тартибиқабулнамуданвамавридиамалқарордоданиКонститутсияи(Сарқонуни) ҶумҳурииТоҷикистон" аз20.06.1994 сол.Шаклиэлектронӣ. Махзанимутамарказииттилоотииҳуқуқии"Адлия". Намунаи7.0.

6.Ниг. КодексиҷиноятииРССТоҷикистоназ17 августисоли1961. Душанбе: Ирфон, 1989.-224 с.

7.Ниг. ҳамон ҷо.- С.88-89.

8.Маълумотҳои Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҷинояткорӣбарои солҳои 1992-1997.

9.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 17 майи соли 2004. Шакли электронӣ.Махзани мутамаркази иттилоотии ҳуқуқии "Адлия". Намунаи 7.0.

10.Маълумотҳои Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҷинояткорӣ барои солҳои 1998-2015.

11.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 15 июли соли 2004. Шакли электронӣ. Махзани мутамаркази иттилоотии ҳуқуқии "Адлия". Намунаи 7.0.

12.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боздоштани ҷазои қатл" аз 15 июли соли 2004. Шакли электронӣ. Махзани мутамаркази иттилоотии ҳуқуқии "Адлия". Намунаи 7.0.

13.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 1 марти  соли 2005.Шакли электронӣ. Махзани мутамаркази иттилоотии ҳуқуқии "Адлия". Намунаи 7.0.

14.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 15 марти  соли 2016.Шакли электронӣ. Махзани мутамаркази иттилоотии ҳуқуқии "Адлия". Намунаи 7.0.

15.Маълумотҳои Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи ҷинояткорӣ барои 7 моҳи соли 2016.

16.Ниг.Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.05.1998. Шакли  электронӣ. Сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. http://mmk.tj/legislation/base/codecs/

17.Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 4 аз 25-уми июни соли 2004 «Дар бораи таҷрибаи судӣ доир ба парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ё дахлнопазирии ҷинсӣ» (бо таѓйиру иловаҳо аз 23.06.2010) . Ниг. Маҷмўаи қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1992-2011). Душанбе: Нашриёти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2011.-С.354-363.

18.Ниг. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.05.1998. Шакли  электронӣ. Сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. http://mmk.tj/legislation/base/codecs/

19. Ниг. ҳамон ҷо.

20.Ниг. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.2009.Шакли  электронӣ. Сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. http://mmk.tj/legislation/base/codecs/

21.Ниг. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.05.1998 (ба забони русӣ). Шакли  электронӣ. Сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. http://mmk.tj/ru/legislation/ legislation-base/codecs/

22.Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди 2. М.: Советская энциклопедия,1969 -С. 781.

23.Ҳомидҷон Зоҳидов. Хазинаи тибби қадим. Душанбе,1990, с. 613.

24.С.Айнӣ. Луѓати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик». Душанбе: «Ирфон», 1976.-С.222.

25.Қонуни муҷозоти исломи (Ҳудуд, қиёс, дият, таъзирот). Душанбе, 1999.С.39.

26.Омори расмии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД барои соли 2015.

27.Ниг.Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.05.1998. Шакли  электронӣ. Сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. http://mmk.tj/legislation/base/codecs/

         

 

          Аннотатсия

          Ташаккул ва рушди қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар: дурнамои инкишоф

          Дар мақолаи мазкур ташаккул ва рушди қонунгузории ҷиноятии кишвар вобаста ба ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ дар кишвар таҳлил карда шуда, норасогиҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар ин самт ва роҳҳои бартараф намудани онҳо зикр гардидаанд.

 

          Аннотация

          Становление и развитие уголовного законодательства Республики Таджикистан о преступлениях против половой свободы и половой неприкосновенности в период независимости страны: перспективы развития

          В данной статье  анализирован процесс становления и развития уголовного законодательства страны относительно преступлений против половой свободы и половой неприкосновенности, указаны пробелы в законодательстве, а также  пути их устранения.  

         

          Annotation

          Formation and Development of the criminal legistation Republic of Tajikistan on crimes against sexsual  freedom and  sexsual  inviolability during the country’s  independence: development prospects 

          This article analyze the process of formation and development of the country’s  criminal  legistation on crimes against sexsual  freedom and sexsual  integrity, given the gaps  in the  legistation, as well as ways to overcome  them.  (ин мақола қаблан дар Ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа”, № 33 (434) аз 24.08.2017 сол ба табъ расидааст).

 

 

Фаррух Рауфов

муовини сардори Раёсати назорати

тафтишоти пешакӣ дар мақомоти

прокуратура, мушовири адлияи

дараҷаи 1