(бахшида ба 90-солагии Мутеулло Наҷмиддинов)
12-уми сентябри соли равон журналист ва нависандаи тавонои тоҷик, зиндаёд Мутеулло Наҷмиддинов (1927-2002) 90-сола мешавад. Хонанда Мутеулло Наҷмиддиновро аз рӯйи асарҳои ҷолиб ва ҳақиқатнигоронаи ӯ «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», «Ширмоҳ», «Бозгашт», «Пайраҳаи шинос», очеркҳои Якраҳа», «Вафо ба аҳд нишонаи ҷавонмардист» ва ғайра мешиносад.
Ин марди наҷиб барвақт аз падараш ятим монда, азобу гуруснагии замони Ҷанги Бузурги Ватаниро кашидааст. Мавсуф дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон таваллуд шуда, аз соли 1948 ба шаҳри Душанбе омада, ҳаёту фаъолияти худро чун рӯзноманигор, муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва дигар вазифаҳои масъул ба роҳ монда, ҳамзамон ба сифати нависанда қаламкашӣ намудааст. Ӯ соли 1968 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта мешавад. Асарҳои ӯ ба забонҳои русӣ, руминӣ, украинӣ, эстонӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Худи ӯ низ тарҷумони чирадаст буда, асарҳои К.Волф, Ю.Ритхеу, Ш.Рашидов ва дигаронро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дорандаимедали «Барои хизмати шоён», Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон, Шӯрои Олии Ӯзбекистон, медали нуқраи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС мебошад. Оид ба фаъолияти эҷодии ӯ чун нависанда олимони ҷавон Ҷамила Раҳимова (соли 2010), Баҳодур Шодиев (соли 2012) ва дигарон рисолаҳои илмӣ навиштаанд. 2 апрели соли 2002 Мутеулло Наҷмиддинов ин ҷаҳонро падруд гуфтааст.
«Дарё маҷрои нав меҷӯяд» яке аз асарҳои беҳтарини Мутеулло Наҷмиддинов мебошад. Мутолиаи ин повести аҷибу наҷиби нависандаро ба итмом расонида, бори дигар пеши назарам симои қаҳрамонони мусбати асар Карима Сангинова, Абдулло Ҳамзаалиев, Тӯлаган-полвон, Роҳат-хола, Комилҷон, Саодат, Муҳаммадиев, Верёвкин ва қаҳрамонони манфии он Қудрат Бободӯстов, Ҳамдамов, Низом, Нозим, Ҳоҷихон Тӯра ва дигарон зинда гардиданд.
Як хусусияти аҷиби ин асари М.Наҷмиддинов дар он аст, ки ҳолати рӯҳии қаҳрамонони он бисёр ҳассос тасвир шудааст. Карима Сангиновае, ки нависандаи асар кӯшидааст аз ӯ персонажи мусбат офарад, дар баъзе лаҳзаҳо персонажи манфӣ мешавад. Алалхусус, вақте ки ӯ бо Ҳамзаалиев дар хонаи худ танҳо нишаста, майнӯшӣ мекунад ва лаҳзае, ки Ҳамзаалиев албоми оилавии ӯро аз назар мегузаронад ва ӯ бо нозу истиғно расми худро, ки дар пляжи баҳрӣ нимурён тасвир ёфта буд, пӯшонданӣ мешавад, вай дар чашми хонанда аз зани матинродаи покдоман, ки барои ҳифзи иффати худ аз Қаҳҳор барин каси нопок, ҷони худро ба вартаи хатар андохта, дар тундбод тарки мошин намуда, бо гургон рӯбарӯ шуда буд, ба зани касифахлоқе, ки барои ӯ айши яксоата беҳтар аз ҳама иффати инсонист, табдил меёбад. Вақте ки шавҳараш ӯро бо Ҳамзаалиев ҳамоғӯш дармеёбад, Карима бо ҳазёни зиёд дили шавҳарро бештар аз худ сард намуда, пас аз рафтани шавҳараш ба хонаи Ҳамзаалиев, ки то рафтани шавҳари Карима баромада рафта буд, меояд ва шабро бо ӯ, ки то ин вақт онҳо ягон муносибати ошиқона надошта, танҳо дӯсти якдигар буданд, гузаронида, тани худро нопок месозад. Ва аз ҳама аҷиб, на бо амри дил, балки дар натиҷаи исрори «райком» ба назди шавҳари худ бармегардад.
Образи Бободӯстов низ аҷиб аст. Мавсуф барои мардум хизмати зиёд кардаву заҳмати беш кашида, минбаъд ба шахси дасту дилаш нопок, ҳарис табдил меёбад. Аммо пеш аз марг ӯ ба персонажи мусбат табдил ёфта, “Волга”-ашро, ки аз давлат барои хизматҳои арзандааш мукофот гирифта буд, ба совхоз мебахшад.
Забони асар салису равон аст. Вожаҳои зебои мардумии “борони мӯяк”, “нуқсони ҷибиллӣ”, “илҳоми ғайбӣ”, “ҷонсӯзона”, “бахмалтан”, “пешгаҳ”, “пойгаҳ”, “устувонашакл”, “овози дупӯста”, “сарочаи дил” ва ғайра корбаст шуда, ба ҳусни асар ҳусн афзудаанд. Бамаврид истифодаи зарбулмасалҳои маъмули тоҷикӣ низ яке аз муваффақиятҳои асар мебошад.
Адиби шӯравӣ Юрий Олеша (1899-1960) нависандагонро “муҳандисони рӯҳи инсон” номида буд. Мутеулло Наҷммиддинов низ “муҳандиси воқеии рӯҳи инсон” буданд. Агар ниҳодҳои дахлдор дар мавриди нашр намудани куллиёти ин адиби хушсухан тасмим мегирифтанд, кори хубе мешуд. Рӯҳи ин нависандаи мумтоз шод бод.
(ин мақола қаблан дарҳафтаномаи “Тоҷикистон”, № 35 (1233) аз 30.08.2017 сол ба табъ расидааст).
Фаррух Рауфов
муовини сардори Раёсати назорати
тафтишоти пешакӣ дар мақомоти
прокуратура, мушовири адлияи
дараҷаи 1