ПРОКУРАТУРА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Ташаккули мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.
Зеро, ки прокуратураи Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ниҳоди алоҳида арзи вуҷуд дошта бошад ҳам, таъин ва озод намудани кадрҳои роҳбарикунанда ва муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти он аз ҷониби Прокуратураи генералии Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мегардид.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистонро таъмин намуда, имкон дод, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти он бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шаванд.
14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии барои прокуратураи тоҷик тақдирсоз қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ин мустақилият ва ба мақомоти олии давлатии худи Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъу ҳисоботдиҳанда будани онро фароҳам оварданд.
Аз ҷумла, дар ин рӯз ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийрот ворид карда шуда, мутобиқи он мансаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Муқаррар карда шуд, ки Прокурори генералӣ бо розигии Президенти мамлакат аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, дар назди он масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
Ҳамон рӯз бо Қарори Шурои Олӣ аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Дар ҳамин сана бо Қарори Шурои Олии мамлакат лоиҳаи Қонун «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар хониши аввал қабул гардид, ки он вазифаҳо, принсипҳои ташкил, фаъолият, низом, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти прокуратураи Тоҷикистонро муайян менамуд.
Бо дарназардошти аҳамияти ин руйдодҳо дар ҳаёти прокуратураи мамлакат 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 март Иди касбии кормандони прокуратура эълон карда шудааст.
Тули даврони Истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фаъолияти самараноки прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода, ҷои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ карда шуданд.
29 январи соли 1994 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ сохтори мақомоти прокуратура дар ҳайати роҳбарият, 13 Раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ, 3 прокуратураи вилоятӣ, 15 прокуратураи шаҳрӣ ва 53 прокуратураи ноҳиявию махсусгардонидашуда бо шумораи умумии 630 корманд тасдиқ карда шуд.
Минбаъд он пайваста такмил дода шуда, як қатор раёсату шуъбаҳо, инчунин 20 прокуратураҳои нав, аз ҷумла Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Суғд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Рашт, Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураҳои нақлиёти Хатлон ва Суғд, прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Носири Хисрав, Сарбанд, Тоҷикобод, Сангвор, Роштқалъа, Табошар, Кӯҳистони Мастчоҳ, прокуратураҳои назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон таъсис дода шуданд.
Дар ин раванд миқдори воҳидҳои кории прокуратура ба 1085 нафар расонида шуд, ки ин потенсиали кории мақомотро дучанд зиёд намудааст.
Ҷиҳати баланд бардоштани тайёрии касбии кормандони мақомот бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1994 Курсҳои такмили ихтисос ва баъдан Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомот таъсис дода шуда, моҳи августи соли 2015 он ба Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд.
Дар даврони Истиқлолият барои дар хориҷи кишвар баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи касбии кормандон имконият пайдо гардида, ҳар сол то 50 нафар ва танҳо дар давоми 3 соли охир зиёда аз 200 нафар кормандон бо ин мақсад ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуданд.
Дар ин давра музди меҳнати кормандон якчанд маротиба баланд бардошта шуда, барои фаъолияти самараноки онҳо тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо барои кормандон ҳуҷраҳои истиқоматии хизматӣ ҷудо карда шуда, 64 нафари онҳо бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд.
Айни ҳол дар ноҳияи Рашт бунёди бинои истиқоматии 12 ҳуҷрадор, дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 9 ошёнаи 52 ҳуҷрадор ва дар шаҳри Гулистон бошад, бинои истироҳатгоҳ барои кормандон дар арафаи анҷомёбист.
Дар давраи истиқлолият дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат таъминоти прокуратура бо биноҳои маъмурӣ куллан беҳтар гардид.
Кормандони мақомот дар хотир доранд, ки солҳои пеш баъзе прокуратураҳо, аз ҷумла Прокуратураи нақлиёт, ноҳияҳои Ховалинг, Шаҳристон, Рашт, Исфара, Шаҳринав ва ғайра дар биноҳои садамавӣ ва баъзеашон дар биноҳои дигар мақомот ва ҳатто дар манзилҳои истиқоматӣ ҷойгир шуда буданд.
Ҳоло бошад, барои ин прокуратураҳо биноҳои замонавии бисёрошёна сохта шуда, дар маҷмӯъ 22 бинои нав бунёд ва зиёда аз нисфи биноҳои маъмурӣ азнавсозӣ карда шудаанд.
Танҳо дар давоми соли 2016 маблағгузории прокуратура аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 3,6 млн. сомонӣ ё 11% зиёд карда шуда, музди меҳнати кормандон дар қатори дигар хизматчиёни давлатӣ 15 фоиз баланд бардошта шуд.
Кормандони мақомот ҳамзамон бо воситаҳои нақлиёт, технологияи иттилоотӣ ва таҷҳизоти зарурии криминалистӣ пурра таъмин карда шудаанд.
Аз чунин дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат мо доимо бархурдор буда, бо истифода аз ин фурсат ба роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи худро изҳор менамоем.
Кормандони мақомот дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд.
Ҳамагон дар хотир доранд, ки ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлолият дар натиҷаи дасисабозиҳои душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз даст рафтани давлатдорӣ ба миён омада буд.
Куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ ба авҷи аъло расида, гуруҳҳои силоҳбадаст минтақаҳои кишварро байни худ тақсим карда буданд. Фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура тамоман фалаҷ гардида, амнияти кормандон на дар ҷои кор ва на дар ҷои зист таъмин набуд.
24 августи соли 1992 ҷинояткорон аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев ва ронандаи ӯро ба қатл расонида буданд.
Шаби 22 октябри соли 1992 бошад, шахсони мусаллаҳ ба утоқи кории прокурори онвақтаи шаҳри Душанбе, баъдан Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Саломиддин Шаропов ҳамла намуданд. Ҷинояткорон ӯро наёфта, қабулгоҳ ва утоқи кории прокурори шаҳрро тирборон карда буданд.
Хушбахтона, баъди дар Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон таъсис ёфтан ва ба шаҳри Душанбе омадани Ҳукумати қонунӣ вазъият ранги дигар гирифт. Дар муддати кутоҳ фаъолияти мақомоти давлатӣ барқарор карда шуда, кормандон ба ҷойҳои кории худ баргашта, муборизаи оштинопазирро бо гуруҳҳои ҷинояткор оғоз намуданд.
Яке аз талабҳои Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Прокурори генералӣ он буд, ки ҳодисаи ғасби ҳокимият бо роҳи табаддулоти давлатӣ, кушторҳои ходимони давлатӣ, шаҳрвандон ва дигар ҷиноятҳои дар ин давра содиршуда пурра ва ҳаматарафа тафтиш карда шуда, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Бо ин мақсад дар назди Прокуратураи генералӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои дар ин давра содиршуда иборат аз 35 гуруҳи фаврӣ - тафтишотӣ дар ҳайати 250 нафар кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ таъсис дода шуд.
Аз ҷониби Ситод садҳо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла актҳои террористӣ нисбати чеҳраҳои намоёни давлатию ҷамъиятӣ - ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, профессор Исҳоқӣ, аъзо корреспонденти Академили илмҳои Тоҷикистон, профессор Ғуломов М.Ғ, раиси ҷамъияти «Пайванд», профессор М. Осимӣ, хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия ва ғайра, ки аз ҷониби гуруҳҳои ҷинояткори Раҳмон Сангинов, Мансур Муаккалов, Ризвон Садиров ва дигарон содир шуда буданд, мавриди пайгирӣ ва тафтиш қарор дода шуданд.
Дар натиҷаи чорабиниҳои муштараки прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаи табаддулоти давлатии соли 1992, исёни мусаллаҳона таҳти роҳбарии Маҳмуд Худоёбердиев (соли 1997), сӯиқасд ба табаддулоти давлатӣ таҳти роҳбарии А. Абдуллоҷонов А. ва М. Худойбердиев (соли 1998), Мирзо Зиёев, М. Кабирӣ ва А. Назарзода, ки дастовардҳои даврони Истиқлолият ва тамомияти арзии кишварро таҳти хатар гузошта буданд, бартараф карда шуда, ҷинояткорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Иҷрои ин вазифаҳо дар шароити озодона амал кардани гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ хеле душвор ва хатарнок буда, чандин нафар ҳамкорони мо дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун ҷони худро фидо намуданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои кормандони мақомоти прокуратураро дар назди давлат ва миллат борҳо қайд кардаанд.
Аз ҷумла, 24 декабри соли 2004 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба солгарди прокуратура Президенти кишвар изҳор доштанд, ки «кормандони прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии он ба шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро карда меоянд».
Ин суханони роҳбари давлат барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор ва сарбаландӣ буда, моро ба боз ҳам бештар тақвият додани самаранокии фаъолият дар ҳама самтҳои назорати прокурорӣ ҳидоят менамоянд.
Кормандони прокуратура имрӯзҳо низ дар ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон шабу рӯз заҳмат мекашанд.
Барои хизматҳои арзанда дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз соли 1993 то инҷониб 62 нафар кормандони мақомот ба рутбаи олии дараҷавӣ ва зиёда аз 200 нафар бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки тӯли чанд соли охир 25 нафар кормандони мо ба вазифаҳои баланди давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва вазорату идораҳо тайин ва интихоб гардидаанд.
Мо кормандони прокуратура дар оянда низ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, баҳри пешрафт, рушд ва инкишофи Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар хоҳем гузошт.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал- лейтенанти адлия Ю.А. Раҳмон