Инсонҳои асилу ростин ва бузург нахуст худро сохтанд ва баъд барои сохтани ҷомеаи пешрафтаву осоишта саъю кӯшиш ба харҷ доданд. Дар расидан ба ин ҳадафи бузург дониш омӯхтаанду таҷриба андӯхтанд ва онро бедареғ сарф намудаанд. Дарёфтаанд, ки инсонҳо – ҳар кадом ганҷу маъдани бузургест ва бояд онҳо кашф шаванд. Албатта, ин кашф ба нафъи ҷомеа ва барои наслҳои он ибратомӯз аст.
Ҳақназар Шодиев аз ҳамин зумра инсонҳо буд. Рӯзгор агарчи дасти навозиш бар сараш набурдааст, аммо дар мактаби худ тарбияташ дод ва чашми оламбини ӯро кушод.
Дар деҳаи Қаракамари ноҳияи Балҷувон ба дунё омад. Се сол дошт, ки аз падар маҳрум гашт. Ба ҳар сол, ки бузургтар мегашт, бештар қимати ин ганҷи аз дастдодаашро дармеёфт. Аммо ба ноумедӣ намесохт. Баръакс, саъй ба харҷ медод, то дар панҷаи гирои он маҳв нагардад.
Донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ шуд. Яъне барояш замоне фаро расид, ки бештару беҳтар биёмӯзаду таҷрибаи устодони гавҳаршиносро бияндӯзад.
Соли 1976, пас аз хатми ин даргоҳи илм фаъолияташро нахуст ба ҳайси коромӯз ва баъд муфаттиш дар прокуратураи шаҳри Кӯлоб оғоз бахшида, идома дод. Дар таҷрибаи корӣ бештар дарёфт, ки нозукиҳои ин касби дар назар содаву дар асл мураккабро бояд беҳтар биёмӯзад. Охир ӯ бо одам, агарчи ҷиноят содир кардааст, сару кор дорад. Андак лағжиш, андак хато метавонад тақдири ҷинояткор ва худро дигаргун созад. Меандешид ва мегуфт: «Ҳар амал сазову подоше дорад. Яъне ҳеҷ гоҳ беҷавоб намемонад?»
Сабабҳо ва омилҳои сар задани ҷиноятҳоро пурра меомухт. Ӯ ин ҳикматро, ки «ростӣ итминон ва оромӣ асту дурӯғ шаку тардид» ба хубӣ медонист. Аз рӯи он амал мекард. Оре, воқеан, инсон вақте рост мегӯяд, эҳсос ва итминону оромиш мекунад. «Дар ҳадиси рост ороми дил аст; Ростиҳо донаи дони дил аст» - ро беҳуда нагуфтаанд. То ростӣ, ҳақиқат дар вуҷуди одамӣ ғолиб намегардад, оромиш пайдо карда наметавонад. «Ин ҳолатро дар инсони ҷинояткор низ мушоҳида намудан мумкин аст», - мегуфт ӯ.
Парвандаи ҷиноятиро намепӯшид ва таҳқиқашро ба анҷомнорасида медонист, то ин ду ҳолатро дар шахсияти худ ва ҷинояткор мушоҳида намесохт. Изҳор медошт: «Сидқу ростиро ба итминон ва оромиш таъбир намуданд». Ва баъд таассуф мехӯрд, ки ин ганҷро имрӯз мо гум кардаему дар пайи гумшудаи худ намеафтем.
Барои таъкиду ҳушдор баён менамуд: «Агар дар ҷомеа дурӯғу шак паҳн бигардад ва мавқеи устувор пайдо бикунад, кори инсонҳо, ҳатто инсонҳои нек ба чӣ меанҷомад?».
Ин ҳама диду мавқеъгирию гуфтаҳо барои мо дарс буд, дарси ибрат. Ҳама таҳқиқоташ аз рӯи донишу таҷрибаву виҷдон сурат мегирифт.
Мо аз амали ӯ, аз суханони ӯ дармеёфтем, ки кори тафтишот ба саросемагӣ ва андак ноогоҳӣ билкул бегона аст. Ва тафтишоту ҳукм ҷиддию адолатнок сурат бигираду ба хотири ислоҳи дурусти инсонҳо ва пешрафти ҷомеа, решакан намудани ҷиноятҳо бояд сурат бигирад.
Барояш соати муқаррарии кор вуҷуд надошт. Пештар аз вақти муайяншуда фаъолият мекард. То як поси шаб чароғи ҳуҷраи корияш фурӯзон буд.
Мусаллам аст, ки чунин инсонҳои нек, кормандони асил аз дидаҳо ниҳон намемонанд, зуд соҳибэҳтиром мегарданд. Масъулиятшиносӣ, кордонӣ, самимияту поктинатӣ ӯро маҳбуб намуду ба вазифаҳои баланд расонд.
Солҳои 1979 – 2008 сармуфаттиши прокуратура ва муовини прокурори шаҳри Кӯлоб, прокурори ноҳияи Ховалинг, муовини сардори раёсати тафтиши прокуратураи вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Кӯлоб, прокурори ноҳияи Восеъ, муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори шаҳри Душанбе, сардори раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, сардори шуъбаи криминалистикаи Прокуратураи генералии буд. Яъне то лаҳзаҳои вопасини умраш дар хидмати Ватани азизаш содиқона хидмат кард. Хидмати сисолаи ӯ дар ин соҳаи пуршараф қадр гардид. Ба унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ордени «Шараф» мушарраф шуд.
Соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.Ин истиқолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ доштани он аз ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла кормандони мақомоти прокуратура ҳисси масъулият ва фидокориро тақозо менамуд.
Вале бо тааассуф бояд ёдовар шуд, ки марҳилаи аввали Истиқлолияти давлати мо аз харобкорӣ, куштори мардуми бегуноҳ, зурию дуздӣ ва ғорати моли халқ сар шуд. Ба мушкилиҳои ҷойдошта нигоҳ накарда дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бригада оид ба тафтиши ҷиноятҳои содиршуда ба кор шуруъ намуд. Ҳайати гуруҳҳои ба ин бригада шомилгашта асосан аз кормандони прокуратура ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ташкил дода, сарварии он ба зиммаи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиев Ҳақназар вогузор шуда буд.
Новобаста аз таҳдиду зуровариҳои ба ҳаёту саломатии аъзоёни гуруҳҳо ҷойдошта ва дар маҷмӯъ, халал расонидан ба фаъолияти муътадили мақомоти прокуратура, бригадаи тафтишотӣ дар як муддати кутоҳ тафтишоти 198 парвандаи ҷиноятиро ба анҷом расонида, нисбати 235 нафар айбдоршавандагон парвандаҳои ҷиноятиро ба суд ирсол намуд Аз тарафи гуруҳҳои тафтишоти ҷиноятҳои табаддулоти ҳарбӣ, акти террористӣ, ба гаравгонгирӣ, бандитизм, таҳрибкорӣ мавриди тафтиш қарор гирифтанд, ки қаблан дар ҷумҳурӣ содир нашуда, таҷрибаи тарзу усули тафтиши онҳо вуҷуд надошт.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодаги ба истиқболи 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифтааст ва ёдовари аз он рӯзҳои вазнин ва расидан ба ин неъмати бебаҳо бо ном Ваҳдат кори саҳлу осоне набуд. Нақши мақомоти прокуратура низ дар гузоштани пойдевори сулҳ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар назаррас буда, корманди ин мақомот, Ҳақназар Шодиев дар кори Комиссияи оштии миллӣ бо донишу таҷриба ва инсондӯстиаш мавқеи сазовор дошт. Фаъолияташ чашмрасу густурда буд. Баъдҳо низ ин ҳайати бонуфуз аз ӯ ва меҳнату заҳмату фидоӣ буданаш дар соҳаву кор ва доштани ахлоқи ҳамидаву муносибати самимияш ба некӣ ёд меоварданд.
Падруди як инсони ҳақҷӯву ҳақшинос, албатта, сахт ва дарднок аст. Аммо чун ӯро ба некӣ ёд меоранд ва беҳтарин суханҳоро бо самимият ва дӯстдорӣ дар ҳаққаш мегӯянд, дил таскин меёбад. Дар ин ҳол аст, ки кас бори дигар собит месозаду тасдиқ мекунад, марди асил бо марг намемирад, балки марг аз ӯ ном меёбад.
Зикри хайри ин шахсияти фарзона дар навбати худ барои ӯ зиндагии дигар аст, зиндагии зебо ва бо шараф.
Прокурори раёсати назорати қонунӣ
будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои
ҷиноятии Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири
адлияи дараҷаи 2 Раҳматулло Холов