Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 январи соли равон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Паёми худро   пешниҳод намуданд.

Паёми имсола дар шароити муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, густариш пайдо кардани терроризми байналмилалӣ  ва  зуҳури таҳдидҳои ҷидди амниятӣ барои аксар кишварҳои олам пешниҳод гардид.

Аз ин лиҳоз арзёбии вазъи сиёсӣ ва манбаи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, бурду бохти ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва ниҳодҳои миллӣ дар мубориза бо экстремизм ва терроризм, тадбирҳои  таъмини амният, таҳкими сулҳу субот, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар бахшҳои муҳими Паёми имсоларо ташкил доданд.  

Мавриди зикр аст, ки  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ фикру андеша ва таклифҳои ҷасуронаву ҷолиби диққатеро баён менамояд, ки мавриди таваҷҷуҳ ва ҳамовозии гарму ҷушони ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус мусулмонони сайёра қарор мегиранд.

Дар Паёми имсола низ як силсила фикру мулоҳизаҳое садо доданд, ки аҳамияти байналмилалӣ дошта, ба ҳифзи дини мубини ислом, ҳуқуқҳои гурезагони кишварҳои ҷангзада ва аз байн бурдани мухолифатҳо дар ҷабҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ равона шудаанд. 

 Аз ҷумла, роҳбари давлати тоҷикон дар Паёми худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, ошкоро изҳор намуданд, ки:

- зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад. Он, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд;

- мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд;

- истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад;

-  баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби доираҳо ва давлатҳову фондҳои алоҳида  ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд;

- ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар  санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байнал-милалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.

Ҷои баҳс нест, ки на ҳар сиёсатмадор қодир аст бо чунин қатъият, ҷасорат ва хиради сиёсӣ масоили мубрами ҷаҳони муосирро арзёбӣ ва оид ба ҳалли онҳо масъалагузорӣ намояд. Маҳз бо чунин сифатҳои худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат ёфта, дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ ва афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсиргузор гаштаанд.

Хусусияти равандҳои сиёсии ҷаҳони муосиррро арзёбӣ намуда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбо таассуф қайд намуданд, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ  ва  минтақавӣ ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм, вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст.

Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем. Бар асари муҳорибаҳои пай дар пай минтақаҳои калони ин кишварҳо ба харобазор табдил ёфта, боигариҳои миллӣ, сарватҳои табии ва молу мулки аҳолии онҳо ба ғорат  меравад. Шумораи гурезагон аз ин кишварҳо ба миллионҳо нафар расидааст. Доманаи амалҳои террористӣ торафт афзуда, кишварҳои Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунёро фаро гирифта истодаанд. Фаъолшавии созмонҳои террористӣ бахусус дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсии худ дар чорсӯи бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсию идеологӣ қарор дошта, наметавонад аз оқибатҳои номатлуби муқовиматҳои онҳо дар канор монад.

Мисоли ин воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябри соли 2015, яъне суиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, мебошад, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд.

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар тавонистанд дар муҳлати кӯтоҳтарин нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро  ҳифз намоянд.

Ин ҳодисаҳо бори дигар нишон доданд, ки бадхоҳони миллати тоҷик аз нияти ба сари мардуми мо таҳмил намудани низом ва фарҳанги бегона даст кашиданӣ нестанд.

Аз ин лиҳоз, дар Паём таъкид шудааст, ки мо бояд ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои  ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.

Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, дар Паём ба Прокуратураи  генералӣ супориш дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм  ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия ва пешниҳод намояд.

Стратегияи мазкур, ки лоиҳаи он аллакай омода шудааст, мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм бо назардошти талабот ва таҳдидҳои дар пешорӯи кишвар қарордошта муайян менамояд.

Дар  раванди иҷрои муқаррароти Паём, ҳамзамон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ лоиҳаи қонунҳо оид ба тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудан, шарикӣ ва мусоидат намудан ба  чунин ҷиноятҳо таҳия шуда истодаанд.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодабарии шабакаҳои интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти давлатӣ масъалаи таъсиси Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Ба масъалаҳои мубориза бо ҷинояткории муташаккил дахл намуда, роҳбари давлат дар Паёми худ муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ҳамчун яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва мубориза бо ин зуҳуротро ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм арзёбӣ намуданд.

Роҳбари давлат дар қатори зуҳуроти номатлуб ҳамчунин  коррупсияро ном бурда, онро ҳамчун омиле ҳисобиданд, ки ба рушди устувори давлат мамониат карда, обрӯю нуфузи онро   дар арсаи  ҷаҳонӣ  коҳиш медиҳад.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муваззаф гаштаанд, фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намуда, тарзу усулҳои мубориза бо ин пададаҳои номатлубро такмил диҳанд.

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ воқеан ҳам равшангари ҳадаф ва вазифаҳои  мо барои оянда буда, иҷрои муқаррароти он  кафолати оромиву осудагии Ватан,  болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандони мо хоҳад буд.

 

Прокурори генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенати адлия                                     Ю.А. Раҳмон